Sebiston new 2024 october
Ҳамсояи шавҳардузд Қисми 2
06.09.2022
Нисо
2454

Ғарию пешхезӣ

Мо авлодан одамоне ҳастем, ки намакро пос медорем, апаам низ акнун Сабзагулро мисли майдаи нон ҳурмат мекард. Гӯё ин зан шавҳарашро аз марг раҳонида бошад, ҳар дам ба ӯ хушомад мезад. Ман ба ин кори апаам одат карда будам, аммо хушдоманам гоҳе бо ҳайрат ба рафтори ӯ назорат мекард…

Як рӯз аз хонаи апаам баромада, ба хонаи худамон мерафтам, ки як зани сабзинаи қоматбаланд маро аз роҳам дошта гуфт:

-Хоҳарҷон, ман ҳамсояи Сабзагул, шояд ту маро нашиносӣ, аммо зиндагии маро як сабукпо вайрон карда, ҳамсарамро аз худ кард, аз ин рӯ намехоҳам хонаи апаи ту ҳам вайрон шавад, илтимос ба ӯ бигӯ аз Сабзагул эҳтиёт шавад,-ман ин занро гоҳ-гоҳе дар кӯча дучор меомадам, аммо намешинохтам, зеро аз ҳамсояҳо танҳо ба хонаи апаам рафтуомад доштам ва касонеро мешинохтам, ки апаам мешиносад. Ин зан муаллима будаасту дар хонаи падару модараш бо як фарзанд зиндагӣ доштааст, аз рӯйи гуфташ чанд бор ба хонаи Сабза даромадани язнаамро дида аст. Ман кайҳо инро ҳис карда будам, ки Сабзагул нисбати язнаам бетараф нест ва аз он зан хоҳиш кардам, ки бо ман ба хонаи апаам рафта, ин гапро ба худи ӯ бигӯяд. Язнаам аксар шабҳо бо рафиқон мешинем гӯён, то соати севу чор гум мешудааст ва дар яке аз ин гуна шабҳо апаам ба хонаи Сабзагул рафта, онҳоро якҷоя медорад. Гумон мекунам, ки Саидаи муаллима ба апаам занг зада, ба он ҷо рафтани язнаамро мегӯяд. Аммо язнаам ба ҷойи узр ба сари апаам даст бардошта, ӯро зада сиёҳу кабуд мекунад ва рӯзи дигар ба таксие шинонда, ба хонаи волидонам мефиристад.

                             Кӯрнамак

Як моҳ апаам дар хонаи волидонам буд, язнаам боре суроғаш нарафт, шоҳидон мегӯянд, ки дар ин як моҳ ҳар шаб дар хонаи Сабзагули кӯрнамак будааст. Баъди як моҳ хусуру хушдоманаш апаамро ба хонааш оварданд, язнаам тамоман гуноҳашро ба гардан нагирифта гуфтааст, ки ҳамаи ин айби Ҳамида, яъне ман аст, гапу хабарро мисли Би-би-си паҳн мекунад. Хушдомани апаам Сабзагулро дида буд ва бо таассуф гуфт, ки садқаи келини ширу шакарам шав, ту сагтабиат, наход табъи ту баъди Фарида ҳамон қоқи сиёҳи бенамудро кашида бошад?! Ростӣ, аз язнаам хафа шудам ва пеши ҳама хешу таборон гуфтам, “акаҷон, ман умуман аз ишқу муҳаббати шумо хабар надорам ва ягон хабар ҳам наовардам”. Сабзагул хонаашро дар фурӯш мондааст, ин кӯрнамак рӯирост мегуфтааст, ки “ба хотири раис ин корро мекунам, дигар ҷо хона мегираму ба ҳузур вомехӯрем”. Апаамро баъди хиёнати ҳамсараш мегӯӣ иваз карда бошанд. Ӯ хунсард, камгап ва ба ҳама рӯйдоди атрофаш бепарво шудааст, ба ҳамсараш мисли бегонаҳо муносибат мекунад.

Сабаби расонаӣ кардани хиёнати язнаам мазаммат кардани касе набуд, танҳо ба баъзе занон гуфтаниям:

-Ба хонаи касе даромадед, ба шавҳараш чашми харидорӣ надӯзед, аз ҳисоби бахти каси дигар хушбахт шудан ғайриимкон аст!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД