Sebiston new 2024 october
АМИРШО ҒАФУРОВ: НАМЕХОҲАМ ФАРЗАНДАМ БЕПАДАР ГАРДАД!
01.03.2021
Р. Азимӣ
1264
АМИРШО ҒАФУРОВ: НАМЕХОҲАМ ФАРЗАНДАМ БЕПАДАР ГАРДАД!

Амиршо Ғафуров соли 1984 бо сари баланд бо дуои волидонаш ба деҳаи Шиндари Афғонистон барои адои хизмати модар ватан сафар кард, аммо баъди чанд муддати хизмат дар аскарӣ чашмонаш худ аз худ хира гаштанд. Вакте пеш чашмонашро пардаи торикӣ зер кард, Ғафуров маҷбур шуд ки ба беморхона рафта, аз муоина гузарад, аммо...

Ташхис нишон дод, ки таъсири радиатсия ба чашмони Амиршо Ғафуров таъсир кардааст. Табобатҳои пайдарпай ин марди маъюбро руҳафтода намуд ва ӯ бори аввал дар ҳайёти сараш он рӯз ашк рехт, зеро ӯ дар замони худ паҳлавоне буд, ки кӯҳро бо як дасташ талқон медод. Ин марди маюб дар ягон ҷо давои дардашро намеёфт. Гарчанд дари чандин беморхонаҳоро кӯфт, аммо бинобар сабаби бепулӣ ва камбағалӣ касе илоҷи дардашро наёфт. Билхоса, ӯ ҳарду чашмонашро аз даст дод. Дигар наметавонад пеши пояшро нигоҳ кунад ё атрофиёнро бо чашми сер бубинад. Борҳо қасди худкушӣ намуда бошад ҳам, аммо наздиконаш сари вакт ӯро аз ҳалкаи дор берун оварданд. Муддати зиёд аст, ки Амиршо дар ҷойгаҳи беморӣ мехкӯб аст. Рӯзе, ки дар пояш дарди ҷонкоҳ пайдо шуд, духтурон тавсия доданд, ки аз сабаби саломатии хуб надоштанд, хуни организмаш ғавс шудааст ва агар як пояшро сари вакт набуранд мурданаш ҷой дорад. Амиршо маҷбур шуд, ки як пояшро бурида зиндагиашро идома диҳад, аммо ин дарди ҷонкоҳ ба пойи дигараш низ асар кардаст ва барои бе пой нагаштан ӯ маҷбур шуд, ки ба идораи сомонаи "Оила" занг занад. Биёед якҷоя аз дарди эшон бохабар мегардем.

НАФАРОНЕ, КИ БА ИН ПИРАМАРДИ МАЮБ КӮМАК КАРДАН МЕХОҲАНД БА РАҚАМҲОИ 93-393-14-70, КИ БА КОРТИ БОНКИИ (ЭСХАТА) ПАЙВАСТ АСТ ВА Ё БА РАҚАМИ ПУРРАИ КОРТИ БОНКИИ Ӯ 5058270420170903 ХАЙРИЯИ ХУДРО ФИРИСТАНД.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД