Sebiston new 2024 october
Аминҷон Розиқов кист? Ӯ воқеан домод буд?
815

Аминҷон Розиқов ин субҳ бояд озими Русия мешуд, аммо ба зери хоки сард рафт. Акнун орзуҳои ӯ ҳам нотамом мондаву фурсати пӯшидани ҷомаи амалро наёфтанд.

Дулане, ки дирӯз дар Кӯлоб омили марги садамаи пурқурбонӣ шуд, ин ҷавони ғайюрро аз орзуҳояш маҳрум кард.

Ӯ, ки моҳе қабл аз муҳоҷират омада буд, дигарбора азми рафтан дошт. Бинобар ин, чипта харид ва дирӯз ҳамроҳи дӯстонаш сари роҳи калон нишаста, пеш аз сафар суҳбат дошт, вале намедонист, ки ин охирин дидор бо дӯстонаш хоҳад буд.

Як манбаъ зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, ӯ соли 2021 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и шаҳри Кӯлобро хатм кард.

“Ҳамон сол, Аминҷон ба Донишгоҳи давлатии Кӯӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ бо ихтисоси иқтисодчӣ дохил шуд. Вале, баъди 1 соли таҳсил ба Русия омад. Ин ҷо дар шаҳри Москва кор мекард”, - гуфт ӯ.

Ин ҷавони ғуррамарг баъди 1 соли кор дар муҳоҷират рӯзи 12 июн ба зодгоҳаш баргашт ва тасмим дошт дигарбора субҳи имрӯз бозмегардад, аммо акнун абадан ин ҷо монд.

Манбаи мо хабари расонаҳоро дар мавриди домод шудани ӯву ҳалокаташ ҳамроҳи арӯс рад карда, гуфт, Аминҷон ҳанӯз оиладор нашудааст.

“Ин акс аз тӯи як рафиқаш аст. Он ҷо ӯ шоҳмард буд”, - гуфт манбаи мо.

Дар ин акси Аминҷон, ки дар сафҳаи Инстаграмаш зери таронаи "Агар хоҳӣ барои ту мемирам"-и Баҳром Ғафурӣ гузошта шудааст, ӯ дар хитоб ба касе, бо исми Н. Гуфтааст, ки ҳамин гуна бо гулдаставу шиму костюм барои бурданаш меояд ва вақте дӯстонаш дар шарҳ навиштаанд, ки бо чӣ, ӯ посух додааст, ки “бо камаз”. Ин мукотиба 1 ҳафта қабл аз марги Аминҷон буд ва акнун дӯстонаш инро пешгӯии марги ӯ медонанд.

Манбаъ гуфт, Аминҷон дониши хуб дошт ва баъди хатм ба ДДК дохил шуд, аммо бо чӣ сабабе баъди як сол аз баҳри таҳсил гузашту ба муҳоҷират рафт.

Қаблан, расонаҳо дар мавриди марги Амирҷон Разоқов ҳамроҳ бо арӯсу ҷӯраҳояш дар рӯзи тӯй хабар дода буданд.

Орзу Ҳамидиён, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, хушбахтона домоду арӯс зиндаанд, вале наздикони келин фавтиданд.

Тибқи иттилои манбаи мо, Розиқов Аминҷон Дилшодович буда, соли таваллудаш 2003 ва худаш истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи 1 май, хонаи 506 буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД