Бобои Абдулло 81-сол дорад ва чанд сол боз аз дидани дунёи равшан маҳрум аст. Ғами фарзанд ӯро аз дидаи бино маҳрум гардонидааст. Писараш Ҳикматуллои паҳлавонсуратро худованд аз пойи равон бенасиб гардонидааст. Аз як сӯ алами маъбию аз ҷониби дигар ғами бехонагии фарзанди бемараш падари солхӯрдаро ҷигархун месозад.
Ҳикматулло Мирзоев ҷавонмарди бо нангу номус аст ва ба маъюбиаш нигоҳ накарда, ҳар субҳ бо ҳазорон ранҷу азоб бо асобағал худро кашолакунон ба кор меравад, то барои зану фарзандонаш як луқма нон пайдо кунад, вале таъмини як оилаи калон барои ин марди маъюб хеле душвор аст. Ин ҷавонмарди 41-сола бо ҳамсар ва се писари гул барин зебояш дар кӯчаи Пушкин 73/ в, хонаи 3 иҷора мешинад. Музди ночизе, ки Ҳикматулло мегирад, ба хӯрду хӯроки фарзандонаш базӯр мерасад, аз ҳамин сабаб падару модари пираш нафақапулии худро ба ӯ медиҳанд, то ки маблағи иҷораро пардохт намояд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, ҳавлиеро, ки айни замон ин марди маъюб бо аҳли оилааш он ҷо иҷора мешинад, ба наздикӣ бояд вайрон карда, ба ҷояш бинои нави баландошёна созанд. Ҳикматулло намедонад чи кор кунад, зеро нархи хонаҳои иҷора ба осмни ҳафтум дакка хӯрдаасту ин марди маъюб ягон имконияти ба иҷора гирифтани хонаи дигарро надорад.
“Метарсам, ки рузхои наздик бо шавҳари маъюбу фарзандони хурдсол ва хусуру хушдомани пирам дар кӯча мемонам”-мегӯяд ҳамсари Ҳикматулло -Ойимбибӣ Раҳмонзода. Қиссаи сангини сангини ин марди маъюб ва аҳли хонадонашро аз забони худашон манзури шумо, муштариёни азизи сомонаи Оила. ТЧ гардонида ба он умед мебандем, ки дар ин моҳи муборак ба хотири ризо ва хушнудии Аллоҳ тоҷирон, соҳибкорон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар шахсони сарватманд закоти мол, фидяи рӯза ва дигар садақоти худро ба Ҳикматулло Мирзоев барин одамони маъюбу дармонда бахшида, дарҳои ҷаннатро ба рӯйи худ боз менамоянд.
Нафароне, ки дар ин моҳи муборак ба ин муйсафеди нобино ва писараш Ҳикматуллои маюб ёри расонидан мехоханд, метавонанд кӯмакпулии худро ба кортҳои бонкии зерин гузаронанд: 5058270361283582 (Душанбе - Ситӣ) Корт ба раками 918772534 пайваст аст! 5058270285531066 (Алиф сармоя) Корт ба рақами 918288810 пайваст аст! 4167532708935484 9Ориёнбонк) Корт ба рақами 917400058 пайваст аст!