Ҳафтаи гузашта сомонаи Oila.tj маводеро таҳти унвни “Ишқи интернетӣ хушбахтӣ меорад ё бадбахтӣ?” нашр намуда буд, ки дар байни истифодабарандагони интернет баҳсу мунозираҳои зиёдеро ба миён овард.
Аз ҷумла як муҳоҷири тоҷик бо исми Аҳмад Мирзоев аз шаҳри Петербурги Русия баъди мутолиаи ин мавод сарнавишти худро қисса карда, исрор намудааст, ки онро ҳатман нашр созем, то ба дигар ҷавонмардони тоҷик дарси ибрат гардад. Аҳмад менависад:
-Чанд вақт пеш тариқи интернет бо Моҳрухсор Давлатова ном ҷавонзани 24-сола шинос шуда, аҳди ишқу муҳаббат бастем. Моҳрухсор иқрор шуд, ки аз шавҳараш бо ду фарзанд ҷудо шудааст. Вай худашро ҳамчун як зани бисёр меҳрубону худотарс ва боиффату покдомон нишон дода, ҳама айбро ба сари собиқ шавҳараш мезад ва мудом аз тақдираш менолид. Дилам ба ҳоли ин ҷавонзан сӯхт ва пешниҳод намудам, ки ба шаҳри Питер биёяд, ман ӯро ба никоҳи худ дароварда, фарзандонашро ба фарзандӣ қабул мекунам. Моҳрухсор хурсанд шуда, хоҳиш кард, ки барои тахт намудани ҳуҷҷатҳо барояш маблағ фиристам. Мани сода бо гумони он ки ин зан ҳамсари поку ҳалолиам гашта, то нафаси охирин дар канорам мемонад, барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ ба Моҳрухсор маблағ фиристодам. Пас аз чанд вақт ин ҷавонзани маккора гуфт, ки аллакай шиноснама ва дигар ҳуҷҷатҳояшро тахт кардааст, камтари дигар пул фиристам, чиптаи ҳавопаймо харида ба наздам меояд. Мани зудбовар боз ба Моҳрухсор ба маблағи 5000 сомонӣ пул фиристодам. Барои он ки Моҳрухсор бо фарзандонаш азоб накашад, хонаи алоҳидаеро иҷора гирифта, интизори омадани арӯс будам, вале чи мегӯед, ки баъди гирифтани пул ин зани фиребгар якбора бе ному нишон гашт.
Марги фоҷиавии бизнесмени тоҷик фармоишӣ буд ё тасодуф?
Дар поёни нақли пурдардаш Аҳмад менависад, ки бо пулҳои вай ҳуҷҷатҳояшро тахт кардаву чипта харида, баъди хараш аз об гузаштан Моҳрухсор ӯро “кидат” кард. Бародари Аҳмад-Тоҳир низ боварӣ дорад, ки ин зани маккора бо макру фиреб пулҳои додари ӯро хӯрда, ба назди ягон каси дигар рафтааст.
Мақсади Аҳмад аз муроҷиат кардан ба сомонаи Oila.tj он аст, ки назикони Моҳрухсорро пайдо намуда, маблағи сарфкардаашро бозпас бигирад. Дар сурати пайдо нашудани пайвандонаш ва ба хубӣ бар нагардонидани пул Аҳмад маҷбур мешавад, ки барои фиребгарию қаллобӣ Моҳрухсорро ба суд дода, ҳаққи ҳалоли худро бо роҳи қонунӣ ситонад.
АФЗАЛШОҲИ ШОДӢ: ПАС АЗ СЕ ҶАРРОҲӢ ХУДО БА МАН УМРИ ДУБОРА БАХШИД(ВИДЕО)
Дар охир Аҳмад Мирзоев аз тамоми ҷавонмардони тоҷик, хоса муҳоҷирон хоҳиш кардааст, ки ба ишқи интернетӣ бовар накунанд ва пулҳои бо хуни ҷигар кор кардаашонро бо дасти худ барбод надиҳанд.