Formula novemver 2024
Амаам маро нодухтар баровард
4378


Ятимдухтарам. Сағера рӯзи хуш намебинад гуфтани калонсолон беҳуда набудааст, мани ятим ҳеҷ аз ҳаёт наосудам, ки наосудам. Ҷавоне аз пасам ҳамеша мисли Маҷнун кашола шуда мегашт.

Дар гаппаронӣ усто буд, чунон суханҳои ширине мегуфт, ки духтар он тараф истад, дили санг ҳам обу адо шуда мерафт. Ҳарчанд кӯшиш мекардам, ки ба гапҳояш аҳамият надиҳам, намешуд, вай боз аз сари роҳам мебаромаду қасам рӯйи қасам мехӯрд, ки дӯстам медорад ва бе ман зиста наметавонад. Ростӣ, чи хел ишқашро қабул кардам, худам ҳам намедонам. Хулоса, Лайлию Маҷнун шуда мондему ин овоза ба гӯши аммаам расид. Аммаам ки духтари худашро ба ҳамон ҷавон додан мехост, аз рашку алам оташ гирифта, муқобили муҳаббати мо баромад. Ҳамеша таҳдидкунон мегуфт, ки то вай зинда аст, намемонад, ки ман ба он бача расам. Азбаски дилам аз ошиқам пур буд, ба гапҳои аммаам аҳамият надода дар дил орзуҳои ширини ошиқона мепарвардам. Хаёлан худамро дар хонаи дӯстдоштаам бо тоҷи арӯсӣ тасаввур карда, курта-курта гӯшт мегирифтам ва лабонам беихтиёр моили табассум мегаштанд. Хушбахти ҷаҳон будам аз ишқ, бехабар аз он, ки тундбоди ғазаби аммаам тамоми орзуҳоямро дар як лаҳза решакан хоҳад кард.

Аммаам чун дид, ки бо таҳдиду зӯрӣ намешавад, роҳи дигарро пеш гирифт. Вай ба модари дӯстдоштаам гуфтааст, ки ман як духтари бероҳаам. Билохира, аммааи беандешаам бо тӯҳмат моро аз ҳамдигар ҷудо кард, вале ба мақсадаш нарасид. Дӯстдоштаам аз ман ҷудо шуда, духтари аммаамро не, балки як бонуи дигарро ба занӣ гирифт. Ошиқам маро тарк карду орзуву ормонҳоям ба хоки сиёҳ яксон шуданд. Гиря ягона роздонам гаштааст. Ҳамеша шабу рӯз оби дида мерезам ва дар рӯйи ҷонамоз даст сӯйи осмон бардошта аз худованд илтиҷо мекунам, ки ҷазои аммаи тӯҳматчии бахтсӯзамро диҳад!
ЗАРИНА, аз н. РАШТ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД