Дар доираи омодагиҳо ба “Ҷоми ҷаҳон-2025” дастаи футболбозони ҷавони Тоҷикистон (U-17) бозии санҷишӣ гузаронида, бар тими Малайзия ғалаба ба даст овард. Дар ин бора Федератсияи футболи кишвар хабар додааст.
Бозӣ рӯзи 15 –октябр дар майдони футболи «Таман Унгку Тун Амина»-и шаҳри Джохори Малайзия сурат гирифта, футболбозони ҷавони тоҷик бо ҳисоби 2:1 бар дастаи Малайзия ғалаба ба даст оварданд. Голи тақдирсозро Меҳрубон Одилзода задааст.
Рӯзи ҷумъа, 18-октябр байни дастаи футболбозони ҷавони тоҷик ва Малайзия боз як бозии санҷишӣ гузаронида мешавад. Қарор аст, ки ин бозӣ дар Тоҷикистон сурат бигирад.
Дар бозиҳои “Ҷоми ҷаҳон-2025” дастаи мунтахаби футболбозони ҷавони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «J» қарор дошта, рӯзи 23-октябр бо Гуама, 25- октябр бо Сингапур ва 27-октябр бо дастаи Яман рақобат хоҳанд кард. Бозиҳои интихобӣ дар Сингапур мегузаранд.