arzon replenishment
Акаам бо зансеталоқ қасам хӯрд, вале...
4051

Салом ба муштариёни сомонаи Оила! Маро як мушкили хонавдагӣ маҷбур намуд, ки ба шумо муроҷиат карада, маслиҳат бипурсам.

Бардарам Азизмурод занашро дӯст дошта, бо ишқу ошиқӣ хонадор шуда буд, вале намедонам аз байнашон гурбаи сиёҳ гузашт ё чизи дигар, ки баъди соҳиби се фарзанд гаштан сагу пишак шуда монданд. Янгаам бисёр зани шаттоҳ аст ва шавҳарашро ҳатто ба занҳои роҳгузар рашк карда, ҷангу ҷанҷол мебардорад. Ҳар рӯз телефонашро кофтану ба як симчӯби сари роҳ ӯро рашк кардани занаш ғазаби бародарамро меовард. Як моҳ қабл боз гапашон гурехту дар сари қаҳр бародарам занашро ду шаппотӣ зад. Янгаам ҳавлиро ба сараш бардошта, куртаҳои акаамро дар танаш пора-пора кард ва кӯдаконашро гирифта баромада рафт. Рафтори келин ба дили ҳама аҳли оила зада бошад ҳам, хотири се фарзандаш падару модарам акаамро насиҳат карданд, ки зиндагиашро вайрон накунад. Як ҳафта пас қаҳри бародарам каме паст шуд ва ба хонаи хусураш рафт, то ки бо ҳамсараш оштӣ карда, онҳро ба хона биёрад, вале зани шаттоҳаш “ту маро задӣ, то дар пеши поям афтида бахшиш напурсӣ, дигар ба хонаатон намеавам” гӯён, дар назди акаам шарти вазнин гузоштааст. Худатон фикр кунед, охир кадом марди тоҷик дар пеши пойи занаш афтида, бахшиш мепурсад?!

Бародарам “садқаи зиндагию садқаи хонаву дари ободӣ шавӣ ту барин зани беақл” гӯён баромада омадааст. Вай мехост аз ҳамсараш ҷудо шавад, вале боз волидонам ба байн даромада, насиҳаташ карданд, ки гардани шайтонро шиканад, охир дар сурати занашро талоқ додани акаам кӯдаконаш зиндаятим гашта, пеш-пеши пои паиндар хору зор мешаванд.
Бечора модарам бо мӯйи сафедаш худаш ба сари келин рафт, то ки набераҳояш сағера нашаванд, аммо янгаи бадтолам боз ҳамон шарташр такрор карда “ хола, то бачатон дар пеши поям афтида бахшиш напурсад, ман дигар пою қадамамро ба остонаи шумо намемонам” гуфтааст.
Бародарам ин гапро шунида ба қавле девона шуд ва бо зансеталоқ қасам хӯрд, ки занаш бо пойи худаш даромада биёяд ҳам, дигар бо ӯ зиндагӣ намекунад. Аз ҳама аҷибаш он аст, ки баъди се рӯзи ҳамин қасами бадро ба забон гирифтани акаам хусуру хушдоманаш худашон янгаамро бо бачаҳояш ба хонаи мо оварда монданд ва барои беақлиҳои духтарашон аз падару модарам бахшиш пурсида, баромада рафтанд. Акнун акаам дар байни обу оташ монда, чӣ кор карданашро намедонад, волидонам низ ҳайронанд, ки чӣ чора ҷӯянд. Мо ба назди чанд долулло рафта бшем ҳам, касе ба саволамон ҷавоби аниқ дода натавонист. Яке мегӯяд, ки бо қасам хӯрдани мард никоҳ бурида намешавад, дигарӣ баръакс таъкид мекунад, ки агар акаам номи зансеталоқро ба забон гирифта бошад, баъди ин зиндагиаш бо он зан ҳаром ва нораво аст. Илтимос, хонандагони азизи сомонаи Оила ба мо ягон маслиҳати дуруст диҳед. Пас аз қасами зансеталоқ хӯрдан акаам хотири фарзандонаш бо ҳамсараш зиндагӣ кунад, даюс ҳисоб мешавад ё не?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД