Arzon march 2024
Агробизнес аз кишоварзӣ чӣ фарқ дорад?
30.03.2022
Оила
702

64FD891C-5E06-42B5-ABB7-B98721054D7CB34BA6F0-6C6C-40E5-854E-01A0CC1C4CDA Агробизнес танҳо соҳаи кишоварзӣ набуда, дар натиҷаи занҷираҳои коркардшавандаи маҳсулоти истеҳсолшуда ба миён меояд. Аз ду шохаи мустақил, яъне кишоварзӣ ва бизнес - агробизнес тавлид мешавад.
Хосият Комилова, мудири шуъбаи кор бо занон, ҷавонон ва ВАО-и лоиҳаи USAID оид ба беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон, дар тренинги имрӯза, ки бо иштироки намояндагони ВАО баргузор гашт, қайд карда шуд.
B27979E5-C2B2-48AE-90C9-7C3B25130522
Ба гуфтаи ӯ агробизнес дар кишвари мо соҳаи ҷадид маҳсуб ёфта, он барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодии аҳолӣ ва такмил додани рақобатпазирии соҳаи мазкур дар бахши истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва соҳаи боғдорӣ мусоидат мекунад.
Аз аввали лоиҳа то имрӯз панҷоҳ намуди маҳсулоти нав танҳо дар вилояти Хатлон ба таври занҷира коркард шуда, ба як қатор кишварҳои хориҷ интиқол дода шудааст. “ Вақте мутахассисони сатҳи байналмиллаӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, таркиби шири табиӣ ва меваю сабзавотро санҷиданд.

 

Маълум гашт, ки аз ҳама шири тоза ва меваҳое, ки аз ҷиҳати фуруктоза бой ҳастанд, дар вилояти Хатлон мавҷуд аст. Аз ин лиҳоз, дар аввал ин минтақаро интихоб карданд”, гуфт Хосият Қаҳорова.
Лоиҳаи мазкур, давоми панҷ сол бо буҷаи 18, 6 миллион долари Амрикоӣ, мутахассисонро дар ин соҳа омода намуда, соҳибкорону кишоварзонро бо техникаву дастгоҳҳои зарурӣ таъмин менамояд.


Агробизнес, яке аз шохаҳои соҳаи кишоварзӣ маҳсуб ёфта, тавассути он таъсис додани ҷойҳои кории холӣ ва содирот намудани маҳсулоти ватанӣ ба кишварҳои хориҷӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД