arzon replenishment
Агентии обуҳавошиносӣ: Хавфи тарма боқӣ мемонад!
17.02.2025
Oila.tj
368

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро аз хавфи пеш омадани зуҳуроти тарма огоҳ мекунад.

Бино ба иттилои Агентӣ, рӯзҳои 18-19-уми феврали соли ҷорӣ бинобар сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрҳои 62-74-уми шоҳроҳ) хавфи пеш омадани зуҳуроти тарма боқӣ мемонад.

Рӯзҳои 19-22-юми феврал дар водиҳо борон ва дар доманакӯҳҳо барф дар назар дошта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД