tobiston
Ҳаётамро сӯхтӣ, ота! (ҚИСМИ 2)
473

Дидори фарзандони падар

Синфи нуҳумро хатм кардаму дар таҳсили тобистона апаҳоям бароям билет гирифта, маро барои як моҳ ба назди худашон хонданд. Онҳо мехостанд, ки ман модарамро низ бо худ биёрам, аммо модарам нахост. “Ман ҳамроҳат равам, боз аз пушти ману бемориям овора шуда, ягон ҷоро намебинӣ, худат рав”,- гуфт бо меҳрубонӣ ӯ.

Модарамро ба хонаи холаам бурда мондаму ба Маскав парвоз кардам. Маро як марди турк пешвоз гирифта, ба назди апаҳоям бурд. Ӯ худашро ҳамкори апаи калониям гуфт. Чун ба хонаи панҷҳуҷрадори мунаққаш ва таъмин бо тамоми таҷҳизоти муосир расидем, апаам пеш аз ман ба гардани пешвозгирандаам овезон шуд, гӯё сад сол боз ӯро надида бошад. Дар се моҳи дар Маскав буданам бо ҳаёти апаҳоям аз наздик шинос шудам, аслан мо зардинаему ба русҳо монанд, ин монандиро апаҳоям ба фоидаи худ истифода карда, мӯйҳояшонро аз ҳад зиёд зард кардаю ба чашмонашон линзаҳои каб-кабуд монда, худро ба рус табдил дода буданд. Онҳо ҳар кадом аз ҳисоби мардони сарватманд дар иҷорахонаҳои ниҳоят зебо умр ба сар мебурданд. Ҳамзистҳои ҳама апаҳоям мардони турк буданд, ки бо ҳам ошноӣ доштанд...

Ба апаҳоям гапи модарамро расонидам, ки он кас мехоҳанд шумо дар ватан хона дошта бошед. Ду апаи калониям фикри модарамро тарафдорӣ намуданд, апаи хурдиям бошад, гуфт:

- Ман ба тамоми роҳ меравам, то дар Маскав соҳиби хона шавам ва ба падарам нишон диҳам, ки духтар кист!

Хонаи наву шиноси нав

Баъди як моҳ ман бо туҳфаҳои зиёд ба назди модарам баргаштам ва қарор додам, ки ҳеҷ гоҳ аз ватан берун намеравам ва модарамро нигоҳубин мекунам. Пас аз се моҳи сафари ман апаи калониям пул фиристод ва ману модарам барои ӯ дар хонаҳои навсохти баландошёна хонаи дуҳуҷрагиеро харидорӣ намудем.

Ман гоҳ-гоҳ хонаи апаамро хабаргирӣ мерафтам. Як рӯз дар лифт марди ҳамсину соли падарам бо меҳрубонӣ аз ман пурсид:

- Шумо дар ошёнаи чандум зиндагӣ мекунед?

- Дар ошёнаи чорум барои апаам хона харидаем, ман онро гоҳ-гоҳе хабаргирӣ меоям.

- Ман дар ошёнаи панҷум хона дорам, мисли шумо гоҳ-гоҳе ба хабаргирияш меоям,- гуфт мард…

Ҳамон шом ин мард дар поён маро дида, бо мошинаш ба назди хонаамон овард. Баъди шиносоӣ фаҳмидам, ки Фарид (номи шартӣ) ҳамсоли падари ман буда, зану чор фарзанд дошаасту дар вазифаи баланде кор мекардааст. Мо акнун тез-тез вомехӯрдем, аввалҳо ҳеҷ бовар надоштам, ки ӯ бо нияти бад бо ман гап мезанад, вале…

Доманбохта

Шояд аз нарасидани меҳри падар, беназоратӣ ва бепарвоии модараму хомии худам буд, ки тамоми сирру асрори оилавиямонро ба вай гуфтам. Фарид аз ин истифода карда, баъди чор-панҷ моҳи шиносиямон зӯран бо ман ҳамхоба шуд…

Чун ман гиристаму гуфтам, ки ба милиса арз мекунам, ваъда дод, ки баъди хатми мактаб маро ба донишгоҳ дохил карда, зани дуюм карда мегирад. То хатми мактаб Фарид ҳар моҳ барои ман маблағи муайяне медоду кайе хоҳад, маро ба хонааш бурда, ком меситонд, баъди хатми мактаб маро ба донишгоҳ дохил карду бо ман тамоман робитаашро канд…

Ман ӯро суроғ карда, ба ҷойи кораш рафтам ва фаҳамидам, ки ба вазифаи баландтаре пешбарӣ шудаасту диданаш амри маҳол аст. Акнун ман бо домани бохтаю дили сӯхта миёни мардум мегардам. Ҳарчанд Фарид аз бесоҳибии ман истифода карда, ҳаётамро сӯхт, вале ӯро гунаҳгор намеҳисобам. Гунаҳгор дар ҳаёти сӯхтаи чор духтари нозанин падарам аст. Ҳамон падаре, ки моро дар аввал бо азизиҳо ба воя расонду инак дунболи як зане, ки ҳатто барояш як фарзанд таваллуд накардааст, рафтаву аз мо ёд намекунад!

Аз минбари баланд ба падарам гуфтаниям: “Ҳаёти моро ту сӯхтӣ, ота!!! Рӯзе мерасад, ки Худованд ҷазоятро медиҳад!”.

Бо эҳтиром, Х.

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД