Вазъи саломатии инсон дар ҳар ҷомеа ба ғизои хуб вобаста аст. Камғизоӣ ва норасоии витамину минералҳои зарурӣ дар хӯрокворӣ пайомадҳои ногувор дошта, боиси камхунию камвазнӣ, бемадорию нотавонӣ, ақибмонии рушди ақлонию ҷисмонӣ мегардад.
Барои ҳалли ин мушкилот ғанигардонии ғизо ё илова кардани микроэлементҳои ҳаётан муҳим ба маҳсулоти асосии хӯрокворӣ воситаи бехатар ва самарабахши беҳсозии вазъи сиҳатии ҷомеа арзёбӣ мешавад.
Қадпастӣ ва камвазнӣ яке мушкилиҳои асосӣ дар байни кӯдакон маҳсуб меёбад.
Илми тиб мегӯяд, яке аз сабабҳои қадпаст, ин омилҳои авлодӣ буда, на ҳамеша аз падару модари қадпаст фарзандони қоматбаланд ба дунё биёяд, вале дар баъзе ҳолат генҳо интиқол ёфта, қоматибаланд шудани кӯдак имконпазир аст .
Аз рӯи меъёрҳои илми тиб қади инсон дар марҳилаи аввал дар дохили батн будани тифл ва баъдан то як солагии кӯдак назорат карда мешавад.
Сабабҳои дигари қадпасти омилҳои беруна буда, яъне тарзи дурусти тановули ғизо мебошад. Ҷои пӯшида нест, ки ғизои солим барои заминаи устувори рушди ҳама узвҳои организм , аз ҷумла қадбаландӣ ва дар меъёр будани вазни бадан мусоидат мекунад. Агар кӯдак аз норасогии ғизо ва кам витамин будани ғизоҳои истеъмол кардааш азият кашад, ин метавонад ба қадпастӣ ва камвазнӣ рӯ ба рӯ созад. Барои аз байн бурдани ин ҳолат духтурон тавсия медиҳанд, ки ба аз витаминҳо ва иловаҳои биологӣ истифода намудан муфид аст.
Тибқи пажуҳиши Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) «Беҳсозии натиҷаҳои иқтисодӣ тавассути густариши барномаҳои ғизоӣ дар Тоҷикистон», ки соли 2012 интишор шудааст, камғизоӣ яке аз мушкилоти нигаронкунандаи низоми тандурустии кишвар боқӣ монда, сабаби фавти модарону кӯдакон аз бемориҳои пешгиришаванда ва ақибмонии духтарону писарон аз ташаккули ҷисмонию ақлонӣ мегардад.
Дар натиҷаи як пажуҳиш маълум гардида буд, ки занону кӯдакони зиёд аз норасоии микроэлементҳои ҳаётан муҳим азият мекашанд. Масалан, норасоии микроэлементҳои ғизоӣ, аз қабили оҳан, йод ва туршии фолат ба бемориҳои камхунӣ, ҷоғар камвазнӣ, қадпастӣ ва дигар бемориҳои гуногун дучор месозад.
Аз ин бармеояд, ки вақте аҳолии кишвар, хусусан, модарону кӯдакон миқдори зарурии витамину минералҳоро аз навъҳои мавҷудаи хӯрокворӣ дастрас карда наметавонанд, бояд аз иловаҳои биологӣ, вобаста ба зарурати организм истеъмол намоянд.