sebiston july new
ҚАДАМИ ҚУРБОН: УМЕД НАДОРАМ, КИ ЗИНДА МЕМОНАМ! (ВИДЕО)
17675
ҚАДАМИ ҚУРБОН: УМЕД НАДОРАМ, КИ ЗИНДА МЕМОНАМ! (ВИДЕО)

 

Қадами Қурбон дар дами марг аст? Қадами Қурбон сахт бемор аст, Қадами Қурбонро ҷоду хӯронданд, Қадами Қурбон ба коронавирус гирифтор шудааст. Ин овозаҳое буданд, ки ҳафтаи ҷорӣ интернетро ба ларза меоварданд.

Мо- кормандони сомонаи Оила ТҶ маҳз ба хотири фаҳмидани ҳақиқати ҳол роҳ ҷониби деҳаи Чагами н. Шамсиддин Шоҳин пеш гирифтем. Ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе ҳаво ба назар хеле абрнок менамуд. Вақте ба Норак расидем, борон бо шиддат ба боридан даромад. Шамоли баҳри Норак моро дар як лаҳзаи аксгирӣ қариб ба осмон паронда мебурд. Вориди Данғара шудан замон боду ҳаво комилан тағйир ёфт, ҳавои Данғара офтобӣ ва гарму мусаффо буд. Шаҳри Кӯлоб низ баҳорӣ ба назар мерасид.

Ҳама ҷо сабзу хуррам ва кас гумон намекунад, ки фасли зимистон аст. Баробари ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин расидан тухми тарсу ҳарос дар диламон кишта шуд. Аз пасту баландиҳои роҳ ва мавзеъҳои кандаву хоктӯдаи ин ноҳия сахт ба ташвиш афтидем. Як сӯ талу пуштаҳои бетаг, аз сӯи дигар ҷару нишебиҳои даҳшатнок ҳар лаҳза пешорӯямон баромада, моро ба таҳлука меовард. Дар як гӯшаи ин мавзеъ деҳқонон ба кишту кор машғул буданд. Бӯйи баҳор ҳар лаҳза ба машомамон мерасид.

То расидан ба деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мо- кормандони “Оила” чанд бор калимаамонро арза намудем. Қадами Қурбон беҳуда дар сурудаш “Сари паваротай” намегуфтааст. Мо ба ҳисоби миёна 19 гардишро тай намуда, баъдан вориди деҳаи Чагам гаштем. Ноомади корро бинед, ки дар сангоби селгузар мошинамон дармонд ва мо аз ноилоҷӣ пойи пиёда суҳбаткунон роҳи хонаи Қадами Қурбонро пеш гирифтем.

МУТАВАҶҶЕҲИ СӮҲБАТИ МО БОШЕД!


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД