Вақте ки маро ба шавҳар доданд, нав ба синни 17 қадам монда будаму аз оламу одам хабар надоштам. Аз рӯзи аввал хушдоманам ба ҳар корам эрод гирифтанро сар кард, зеро аз уҳдаи корҳои зиёде намебаромадам. Азбаски шавҳарам хеле одами хуб ва босабр буд, дар муддати кӯтоҳ тамоми кори хонаву ҳунарҳои занонаро аз худ кардам. Имрӯз чор фарзандам дар мактабу кӯча бо рафтори намунавӣ фарқ мекунанд. Духтаронам яке дар синфи 11 ва дигарӣ дар синфи 10 таҳсил мекунанд. Ҳоло синну соли духтаронам барои ба шавҳар баромадан нарасидааст, аммо аллакай хостгорон дарамонро охурча кардаанд. Дар ҳавлии хушдоманам чор бародари шавҳарам духтарони калон доранд ва аз дидани хостгорони духтарони ман табъашон хира мегардад. Авсунҳоям ҳасад мехӯранд, ки ба хонаи онҳо мисли хонаи мо хостгор намеояд. Хушдоманам маро дар давраҳои ҷавонӣ азоби бисёр дода буд, ҳоло бошад, бемори бистарӣ асту ман ӯро нигоҳубин мекунам. Чандин маротиба хушдоманам бо гиря барои азобҳои додааш аз ман бахшиш пурсид. Ман бошам, ӯро ором карда гуфтам: “Амма, ман аз шумо хеле розӣ ҳастам. Агар сахтгирии шумо намебуд, шояд ба ин рӯзҳо намерасидам. Аз шумо миннатдорам”.
Қ., н.Варзоб