-Ҳабибабону! Мегӯянд, ки падаратон аъзои ким-кадом ансамбл будаасту суруд ҳам мехондааст. Мехостем дар бораашон маълумот диҳед.
-Падарам дар гурӯҳи Хадича Абдуалимова мутриб буданд ва гоҳ –гоҳе суруд мехонданд. Услуби он кас услуби Аҳмад Зойир бошад ҳам, лекин танҳо барои худ ва дӯстонашон суруд мехонданд. Барои машҳур ё ба қавли имрӯза ситора шудан тамоман кӯшиш накардаанд.
-Модаратон чӣ?
-Модарам дар ансамбли «Лола» раққоса буданд, солҳои пеш.
-Солҳое, ки Ғаффор Валаматзода сардори ансамбл буданд?
-Ҳа, ҳамон вақтҳо. Баъди ба шавҳар баромаданашон раққосагиро бас карданд.
-Чаро хоҳаратон Тоҳирию шумо Давлатова?
-Тоҳир номи падарам, насабаш Давлатов. Ман бо насаби падарам ҳастаму хоҳарам бо номи падарам.
-Шумою хоҳаратон Моҳира роҳи волидонро идома дода истодаед. Росташро гӯед, сарояндагиро танҳо ба хотири падару модаратон касб намудед ё бо майли дили хеш?
-Дар ҳақиқат дар хурдӣ ман санъаткор шудан намехостам. Орзу доштам, ки стюардесса шуда, аз шаҳр ба шаҳр парвоз кунам ва ҷаҳондида шавам, аммо баъдтар меҳри санъат ғалаба кард. Санъаткорӣ дар хунамон будааст, чӣ кор кунем. (Механдад)
-Шумо бо раҳматии Сӯҳроби Сафарзод дуэте хонда будед бо номи «Ошиқӣ, ошиқӣ». Аз марги Суҳроб чанд сол гузашта бошад ҳам, ҳанӯз мардум дар бораи ин тарона ва дар бораи муносибатҳои шумо гап мезананд. Агар махфӣ набошад, ба ҳамин масъала равшанӣ меандохтед? Ин тарона чӣ гуна пайдо шуд ва чаро Сӯҳроб барои хондани ин дуэт маҳз шуморо интихоб кард?
-Мо бо Сӯҳроби Сафарзод бисёр дӯстии наздик доштем. Вақте дар Ҳиндустон буд, суруди «Ошиқӣ, ошиқӣ» ба вай бисёр маъқул мешавад ва фикр мекунад, ки ин сурудро бо кӣ бихонад. Хаёлан овози худро бо овози бонувони санъаткор муқоиса карда ба хулоса меояд, ки ин дуэтро бояд бо ман сарояд.
-Овози шуморо мувофиқтар медонад?
-Бале! Баъди баргаштан наздам омада ин таронаро пешниҳод кард. Ҳар қадар гуфтам, ки матни аслии худашро ба ҳиндӣ хонем, розӣ нашуда истодагарӣ крад, ки мо бояд ин сурудро бо забони тоҷикӣ сароем. Азбаски оҳангаш бисёр ҷаззоб буд, ба мухлисон хеле писанд омад ва то имрӯз баъзеҳо онро гӯш мекунанд. Мо набояд Сӯҳроби Сафародро фаромӯш кунем, чунки санъати тоҷик дар симои ин ҷавон як ҳунарманди асилро аз даст дод. Сӯҳроби Сафарзод дар ҳақиқат ҳамчун санъаткор бе ҳамто буд. Беҳуда ӯро мардум «Муини тоҷик» мегуфтанд. Садои Суҳроб, зиндагии Суҳроб, таронаҳои Суҳроб сар то по нотакрор ва пурасрор буданд...
-Ишқи аввалини Ҳабиба кӣ буд ва аз он ишқ чи осоре мондааст?
-Пинҳон намедорам, мисли ҳар як инсоне, ки дил дорад, ман ҳам замоне ошиқ будам, аммо имрӯз дар бораи ошиқиҳоям гап задан намехоҳам. Бигзор ин саҳифаи умри Ҳабиба барои мухлисон ҳамчун асрори нокушода боқӣ монад.
-Ақаллан бигӯед, ки айни замон ошиқ ҳастед ё ҳавсалаатон аз ишқу ошиқӣ пир шуд?
-Ҳабиба як умр ошиқ буд ва ошиқ мемонад. Диле, ки ишқ надорад, мисли биёбонест, ки дар он гиёҳе намерӯя. Дили бе ишқ мисли кӯҳи пиряхпӯшида холӣ аз эҳсос ас. Дили бе ишқ қудрати эҷод кардану офариданро надорад!
Бознашр аз ҳафтаномаи Оила