arzon replenishment
Абдураҳим Набиев: Ҳаҷвнигор будан душвор аст
01.12.2024
ОИЛА.ТҶ
1263

Абдураҳим Набиев ҳаҷвнигори шинохта ва пуркору дӯстдоштаи мост, ки бештар бо тахаллуси Бобои Мерган маъруф аст. Солҳои зиёд аст, ки бо саҳнаҳо ва сурудҳои ҳаҷвиаш ба мардум хушҳолӣ ҳадя менамояд. Будани чунин ҳаҷвнигорони касбӣ ба мо умед медиҳад, ки ҳаҷви тоҷик ҳоло ҳам ба по рост аст ва намояндагоне дорад, ки бешак ин майдонро холӣ намемонанд.

Ҳоло Абдураҳим Набиев дар баробари ҳунарманди Театри халқии ноҳияи Ёвон ҳамчун актёр дар филмҳо ва ҳамчун ҳаҷвнигор дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоланд.

Мо бо мавсуф доир ба вазъи ҳаҷв, ҳолати ҳаҷвнигорон, дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба соҳа ва ғайраҳо суҳбат кардем.

- Имрӯзҳо ба чӣ корҳо машғулед?

- Ташаккур барои таваҷҷуҳ ба мо. Хеле хурсандам, ки ҳафтаномаи “Оила” моро ёд кардааст. Имрӯзҳо ва рӯзҳои дигарамон низ дар ҷустуҷӯ мегузарад. Ҷустуҷӯи китоб, ҷустуҷӯи матлбаҳои нав барои эҷод ва ғайраҳо. Аслан, ин ҷустуҷӯҳои мо на танҳо барои худамон, балки барои хушҳол кардани мардуми азизамон аст. Ҳамчунин, ба наздикӣ бо ташаббуси телевизиони “Синамо” ва коргардонии Муҳаммадрабии Исмоил дар филми “Се кунҷи як муҳаббат” нақши раиси маҳалларо иҷро кардам, ки шояд ба наздикӣ рӯйи экран барояд.

- Чӣ гуна шумо ҳаҷвнигор шудед?

- Ба ҳаҷвнигор шудани ман Муҳаммадсолеҳ Шарифов, ҳунарманди Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, ки тағоям мешаванд, сабаб шудаанд. Замони мактабхонӣ аз он кас пораҳои назмиву насрӣ мегирифтам ва худро ҳамчун гӯянда ва нақшофаранда дар маҳфилҳои мактабӣ месанҷидам. Вақте ба донишкада дохил шудам, дар курси якумӣ Бахтиёр Раҳимов гурӯҳи “Ғарибшо компания”-ро ташкил кард ва он ҷо ман ҳам шомил будам. Пасон, “Қитиқ компания”-ро ташкил кардем ва дар донишкада ду гурӯҳ хеле фаъол будем. Ин гурӯҳҳои ҳаҷвӣ барои табъи мардумро шод кардан, ки он вақт кори осон набуд, хеле заҳмат мекашиданд.

- Ҳаҷвнигор бояд таваллуд шуд ё давоми ҳаёт шахс ин соҳаро омӯхта метавонад?

- Ман ҳеҷ бовар надоштам, ки соҳаи ҳаҷвро меомӯзам ва ҳаҷвнигор мешавам. Дар аввал бояд завқ бошад, пасон омӯзиш ва саҳми устодон аст, ки мо ҳаҷвнигор шудем ва ба мардум то қадри имкон хушҳолӣ ҳадя кардем.

- Шумо дар гурӯҳҳои зиёд фаъолият кардед, аммо зиёдтар ҳамчун ҳунарманди гурӯҳи овозадори “Маҳфилоро” миёни ҷомеа шинохта шудаед. Бигӯед, ки чӣ тавр ба ин гурӯҳ пайвастед ва феълан чӣ ҳол дорад?

- Вақте ки телевизиони “Сафина” ташкил шуд, баробари он “Маҳфилоро” низ фаъол гардид. Аз ҳамон рӯзи аввал ман дар ин гурӯҳ ҳастам ва ҳоло дар Театри халқии ноҳияи Ёвон аҳли гурӯҳ якҷоя фаъолият дорем. Расман, саҳнаҳоро омода накунем ҳам, аҳли гурӯҳ сарҷамъ аст ва ба эҷод машғулем.

- Ҳаҷвнигор шудан душвор аст?

- Ҳаҷвнигор шудан душвор нест, ба шарте ки шавқу завқ ва омӯзиш бошад. Аммо ҳаҷвнигор будан душвор аст, зеро дар умум ин соҳа осон нест. Ҳаҷвнигорӣ масъулияти бузург аст. Одамонро хандонидан ва дар ҳаҷв бархе камбудиҳоро нишон додан кори саҳлу сода нест.

- Ба андешаи шумо ҳоло ҳаҷви тоҷик дар чӣ ҳол қарор дорад?

- Ҳаҷвамон дар ҳолати хуб қарор дорад. Дар ҳақиқат хеле рушд кардем ва ҳаҷвнигороне дорем, ки соатҳо метавонанд баромад кунанд. Аммо ҳоло талаботи тамошобин хеле тағйир ёфтааст, ки на ҳамеша ба менталитети мо рост меояд.

- Ба ҳаҷви мо чӣ намерасад?

- Норасоиҳо зиёданд, аммо мехоҳам ду нуктаро баён кунам. Якум, мо аз ҷиҳати норасоии нависандаҳо танқисӣ мекашем. Имрӯз хеле кам касон ҳаҷв менависанд. Барои мо ҳунармандон ҳаҷвнавис даркор аст, ки кор кунем ва сухани замонро ба тамошобин бирасонем. Дуюм, толорҳои арзону ба шароити ҳаҷвнигорон созгор надорем, ки зуд-зуд консертҳоямонро баргузор кунем ва мардумро даъват намоем.

- Фарқи ҳаҷви 15-20 сол пеш аз ҳозир дар чист?

- Ҳозир хандонидан хеле мураккаб шудааст. Ёд дорам, ки дар як суруди ҳаҷвии Рустами Нур “Арӯси қассоб”, ки ба қалами Абдулло Шариф тааллуқ дорад, мардум чӣ гуна механдиданду каф мекуфтанд, аммо ҳоло чунин нест. Барои хандонидан мавзуъҳоеро бояд баррасӣ кард, ки ниҳоят тез бошанд.  

- Як вақт гурӯҳҳои ҳаҷвӣ миёни худ рақобат карда, беҳтарин саҳнаҳои ҳаҷвиро пешкаши мардум мекарданд, чаро ҳоло чунин нест?

- Дуруст аст, ки замоне чунин рақабатҳои солим буданд. амкорӣ кунам ва саҳнаҳое созем, ки мувофиқи фарҳангу ахлоқамон бошанд. Дар охир, бори дигар ташаккур барои таваҷҷуҳ ва ҳолпурсӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД