Сомонаи Oila.tj қариб ҳар рӯз дар бораи аз беэҳтиётӣ мурдани шахсони гуногун аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон хабар медиҳад. Махсусан, фавтидани кӯдакони зиёдтар мушоҳида шудааст.
Вале ин ҳама хабар гузоришҳо ба волидан таъсир надоранд ва дар ин мавсими боронгарӣ кӯдакони худроо боз ҳам беназорат мегузоранд. Дар деҳаи Арбобхотуни Рӯдакӣ як кӯдаки сесола аз беназоратии волидон баъди афтидан ба ҷуйбор ҳалок шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки рӯзи 15-уми апрели соли ҷорӣ дар деҳаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ кӯдаки сесола ба ҷӯйбори назди хонаашон афтида мурдааст.
Сомонаи Кумита навиштааст, ки Абӯбакри сесола аз беназаратии волидон ҳангоми бозӣ дар пеши хонаашон ба ҷӯйбор афтода, ба ҳалокат расидааст. “Тахминан баъд аз 20 дақиқа ҷасади тифл аз тарафи хешу таборонаш аз дохили қубури обгузари назди хонаашон пайдо карда шуд”, - шарҳ додааст сомона.
Кумита мегӯяд, ки ҷӯйбор шояд бар асари боронҳои шадиди чанд рӯзи охир пур аз об шуда буд, ки ҷасади беҷони ин кӯдаки бечораро аз дохили қубури обгузар пайдо кардаанд.
Инчунин, бегоҳии рӯзи 16-уми апрел, соати 18:30 дақиқа дар паҳлӯи Маҷмааи варзишии “Қасри тенис” (ш. Душанбе, ноҳияи И. Сомонӣ, хиёбони Ҳ. Шерозӣ) як нафар ҳангоми гузаштан аз болои қубури обгузари рӯди Душанбе ба он афтида, дар оби пурталотуми дарё ғарқ шудааст. Субҳи имрӯз наҷотдиҳандагони Кумита ҷасади ӯро пайдо карданд.
Бино ба маълумотҳо ғарқшуда 22 сол дошта, сокини ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд будааст. Марҳум донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буда, дар хобгоҳи ҳамин донишгоҳ истиқомат мекард.
Ҳамзамон, дар ноҳияи Вахш, рӯзи 11-уми апрели соли равон як сокини 61-солаи шаҳри Левакант аз хона баромада, дигар барнагаштааст.
Панҷ рӯз баъд, рӯзи 16-уми апрели соли 2020 наҷотдиҳандагони ҷасади ӯро аз канали воқеъ дар мавзеъи Мардаксой, ки аз назди хонаи марҳум мегузарад, берун оварданд.
P. S: Сабаби марги ин одамон беэҳтиётии тхуди онҳост. Бинобар ин, аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар, махсусан падару модарон хоҳиш карда мешавад, ки кӯдакони худро беназорат нагзоред.