Sebiston new 2024 october
74 рӯз дар қаъри уқёнус
970

Профессори Донишгоҳи Флоридаи ҷанубӣ Ҷозеф Дитури рекорди нави ҷаҳониро доир ба зиндагӣ дар зери об гузошт.

Ӯ дар капсулаи махсус 74 рӯз дар қаъри уқёнус ба сар бурд ва аксуламали организмашро дар шароити нав таҷриба кард. Аҷиб ин аст, ки рекорди пешинаро низ дар ҳамин ҷо гузошта буданд, вале нишондоди он 73 соату 34 дақиқаро ташкил дод.

Ҳоло Дитури мехоҳад, ин нишондодро ба 100 рӯз бирасонад ва рекорди нав гузорад, зеро профессор ба хулосае омадааст, ки зиндагӣ дар қаъри об аксари бемориҳоро пешгирӣ ва табобат ҳам менамояд.

Ба ақидаи ӯ, дар ҳолати таҳти фишори баланд қарор доштан, ҳуҷайраҳои организм бузургтар шуда, фаъолияташон бештар мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД