shoh palace
72-СОЛ ДАР АСОРАТИ МУСИБАТ (ВИДЕО)
2974
72-СОЛ ДАР АСОРАТИ МУСИБАТ (ВИДЕО)

Бобои Аҳмад 72 сол дорад. Замоне,ки ду сол дошт аз падару модар ятим монд ва апааш уро зери болу пари худ гирифта ба хонаи худаш бурд аммо дере нагузашта умр ба апааш вафо накард ва у низ Аҳмади ятимро раҳо карду зери хок рафт.

Пас аз марги апа рузи сиёхи Ахмад сар шуд.Таънаву маломати атрофиён уро мачбур намуд,ки тарки хонаи язна намуда ба вайронаи падар баргардад. Ва инак 21 сол боз бобои Аҳмад дар анахамин хонаи лойин, ки на бом дорад на ҳаммом ва на дару тиреза. Камбағали боис гашт, ки дар сини 40 солагӣ у оиладор шавад.Ҳамсараш бар асари заҳ ва намии манзил ба бемории табобатнашаванда гирифтор шуда соли 2010 бобои Аҳмад ва бо фарзанаш тарк намуда аз олам чашм пушид.

Вақте бобои Аҳмад хама наздиконашро аз даст дод,дунё дар назараш тираву тор гашт. Ин падари танхо метарсад,ки ягон руз аз борону жола ин хонаи нимвайрона дар болои сари ӯ ва писари маъюбаш чаппа мешавад. Хохиши ягонаи муйсафед хамин аст, ки хайрхохе барои ӯ ва фарзанди нотавонаш кулбачае созад то баъди маргаш фарнзанди бемораш хору зор нашавад.

НАФАРОНЕ, КИ БА ИН ОИЛА КӮМАК КАРДАН МЕХОҲАНД, БА РАҚАМҲОИ 988-61-63-21 ЗАНГ ЗАНАНД! НОГУФТА НАМОНАД, КИ БОБОИ АҲМАД ТЕЛЕФОН НАДОРАД ВА БА РАҚАМИ ЖУРНАЛИСТ ТАМОС ГИРИФТА, НИШОНИЯШОНРО ПАЙДО НАМОЕД!
СУРАТҲИСОБИ БОНКИ "АМОНАТБОНК" 20216972505911025090
РАКАМИ КОРТИ АМОНАТБОНК 5058270039494108

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД