Аксари падару модарон ба хотири эрка нашудани фарзандонашон аз овони тифлӣ нисбати онҳо сахтгирӣ намуда, кӯшиш мекунанд меҳру муҳаббати худро нишон надиҳанд. Норасоии муҳаббати волидон, ки дар илми равоншиносӣ “Синдроми кӯдаки номатлуб” номида мешавад, дар ҳаёти минбаъдаи кӯдак таъсири номатлуб мегузорад.
1. Кӯдаки аз волидонаш меҳру муҳаббат надида аслан ба одамон бовар карда наметавонад
Боварӣ нисбат ба одамон аз давраи кӯдакӣ оғоз ёфта, асосан аз муҳити оила сарчашма мегирад. Вақте ки падару модар ба ҷойи меҳру муҳаббат бо сахтгирии аз ҳад зиёд фарзандонашонро ба камол мерасонанд, фарёд, таъна, муҷозот ва баҳсу мунозираҳои беохири оилавӣ боварии кӯдакро ба волидайн барбод медиҳад. Вақте ки кӯдак ба падару модари худаш боварӣ надорад, чӣ тавр дар оянда метавонад ба дигар одамон, ки барояш бегона ҳастанд, бовар кунад?
2. Дар баён намудани эҳсосоташ душворӣ мекашад
Кӯдаконе, ки бо камбуди муҳаббати волидон ба воя расидаанд, баъди ба камол расидан низ эҳсосоташонро баён карда наметавонанд, зеро аз назари эмотсионалӣ заиф мебошанд. Чунин кӯдакон ё тарсончак мешаванд ё баръакс ба эҳсосоти дигарон беэътиноӣ намуда, барои ҳар майда-чӯйда ба сари атрофиёнашон дод мезананд, чунки дар кӯдакӣ бо онҳо айнан чунин рафтор кардаанд.
3. Аз хато кардан метарсад
Агар волидайн кӯдакро барои ҳар як хатояш ҷазо диҳанд, тарс аз хато кардан ҳамеша дар зеҳни кӯдак мемонад. Чунин кӯдакон минбаъд дар зиндагӣ орзуҳои худро амалӣ карда наметавонанд, зеро аз хато кардан метарсанд. Аз назари чунин афрод, аслан коре накардан осонтар аст аз рӯ ба рӯ шудан бо оқибатҳои коре, ки кардаӣ.
4. Муштзӯр ё баръакс тарсончак мешавад
Кӯдаке, ки дар муҳити носолим ба воя расида, аз падару модараш ба ҷойи меҳру муҳаббат танҳо шаллоқ хӯрдааст, медонад, ки набудани муҳаббат чӣ қадар дарднок аст, вале аз ду роҳ якеро пеш мегирад: пас аз оиладор шудан мисли волидонаш бо ҳамсару фарзандонаш муносибати сард ва дағалона мекунад ё баръакс қурбонии зӯроварии хонаводагӣ гардад ҳам, онро чун як ҷузъи оиладорӣ қабул карда, аз ҳуқуқҳои худ дифоъ намекунад.
5. Кӯдак аз бегонагон муҳаббат меҷӯяд, агар...
Кам будани муҳаббати волидон нисбат ба фарзанд метавонад боиси он гардад, ки кӯдаки ташнаи меҳрубонӣ дар ҷойи дигар муҳаббатро ҷӯё шавад, зеро дар зиндагӣ аз назари рӯҳӣ ҳамеша худро танҳо ҳис мекунад. Чунин кӯдакон берун аз муҳити оила кӯшиш мекунанд, ки ба дигарон писанд оянд ва ҳама корро анҷом медиҳанд, то аз одами бегона таърифу таҳсин шунаванд. Ин ҳолат бисёр хатарнок буда, чунин кӯдаконро ба гурӯҳҳои номатбул ба осонӣ ҷалб карда метавонанд.
6. Дар интихоби ҷуфти худ душворӣ мекашад
Кӯдакони аз падару модар ба қадри кофӣ меҳрубонӣ надида дар умқи дилашон боварӣ надоранд, ки сазовори муҳаббат ҳастанд, аз ин рӯ метарсанд, ки бо ҷинси муқобил муносибат барпо намоянд. Баъди ба камол расидан чунин кӯдакон дар интихоби ҷуфти худ душворӣ мекашанд, зеро ба мавҷуд будани муҳаббати ҳақиқӣ аслан боварӣ надоранд. Духтароне, ки бо камбуди муҳаббати волидон ба камол расидаанд, метавонанд ба марди зандор ё дар синну сол аз худашон хеле калон ошиқ шаванд, писарони аз модар муҳаббат надида ба занҳои аз худашон калон дил мебанданд ё занҷаллоб шуда, як умр муҳаббат меҷӯянд, вале ба ишқи ягон зан бовар карда наметавонанд.
7. Вақте ки барои инсон кор аз оила муҳимтар мешавад...
Аксари одамоне, ки бо камбуди меҳру муҳаббати волидон ба воя расидаанд, корро дар ҷойи аввал мегузоранд ва аз оила муҳимтар мешуморанд. Чунин одамонро аксаран “трудоголик” меноманд. Онҳо худашон инро эҳсос накарда, танҳо ба он хотир ҷаҳду талош мекунанд, ки дар зиндагӣ ба қуллаҳои баланд бирасанд, то дигарон онҳоро дӯст доранд ва эҳтиром намоянд. Барои чунин шахс кор, мавқеи иҷтимоӣ ва ёру дӯстонаш аввалиндараҷа буда, оила ва наздикон ба як чизи дуюмдараҷа тадбил меёбанд, зеро дар зеҳни (подсознание) одаме, ки аз падару модар меҳру муҳаббат надидааст, оила ҷое нест, ки ӯро қадр кунанд ва дӯст доранд.