Дар рӯзи ид бо кӯдакон рафтори меҳрубонона ва пур аз муҳаббат хеле муҳим аст. Ин рӯз метавонад дар хотираи онҳо ҳамчун як рӯзи хос ва хушбахтона боқӣ монад. Барои он ки кӯдакон худро хушбахт ва азиз эҳсос кунанд, чанд маслиҳатро дар хотир доред.
Барои кӯдакон вақти махсус ҷудо кунед
Дар рӯзи ид кӯдакон мехоҳанд волидайнашонро дар паҳлӯи худ бинанд. Аз ҳамин хотир новбаста ба серкорӣ вақт ёфта, ба онҳо диққат диҳед. Бо суханони пур аз меҳр гӯед:”"Идат муборак, фарзанди азизам! Ман хеле шодам, ки ту дар зиндагии ман ҳастӣ."
Ин суханҳо ба кӯдакон эҳсоси амният ва муҳаббат мебахшанд.
Ҳамроҳ идро ҷашн гиред
Идро ҳамроҳи кӯдакони худ ҷашн гиред. Ба сайругашт бароед, дар хона якҷоя бозӣ кунед, ҳамроҳ ширинӣ ё хӯроки дӯстдоштаашонро тайёр кунед...
Аҳамияти идро фаҳмонед
Бо забони сода шарҳ диҳед, ки чаро ин ид муҳим аст, то кӯдак аз хурдӣ арзиши маънавии идро дарк кунад.
Туҳфаҳои хурд ё ёдгорӣ
Дар рӯзи ид ба кӯдакон ҳатман ягон чиз туҳфа кунед. Туҳфа кардани чизҳои қиматбаҳо шарт нест, як тӯҳфаи хурдакак ба мисли китобча, бозича ё ширинӣ кӯдаконро хурсанд карда ба ид рангу маънии дигар мебахшад.
Нақшаву орзуҳои кӯдаконро бипурсед
Ба рӯзи ид ба кӯдакон имконияти баён кардани нақшаву ният ва орзуҳояшонро дода, бипурсед:
– “Ту имрӯз чӣ мехоҳӣ бикунӣ?”
Ин эҳсоси муҳим буданро дар кӯдакон тақвият медиҳад.
Бо кӯдакон акс гиред
Дар рӯзи итд ҳатман бо кӯдаконатон аксбардорӣ кунед, то хотираҳо эҷод шаванд. Кӯдакон аз дидани акси худашон дар рӯзҳои ид шод мешаванд.