Arzon april 2022
6-сабаби бармаҳал пир шудани инсон
560


Ҳар як инсон дар қаъри дил мехоҳад, ки ҳамеша ҷавону зебо ва ботароват бимонад, вале гузашти айём хоҳ-нохоҳ осори худро дар чеҳра ва зоҳири мо боқӣ гузошта, бо мурури замон дар рӯямон ожангҳо пайдо шуда ба мӯямон сапедӣ медамад.

Албатта аз пирӣ роҳи гурез нест, вале одамоне низ ҳастанд, ки пеш аз мӯҳлат пир мешаванд. Чаро яке аз 60-солагӣ ҷавону бардам менамояду мӯйи дигарӣ дигарӣ дар 40-солагӣ пахта барин сафед мешавад? Нашрияи «Новий очаг» сабабҳои асосии бармаҳал пир шудани инсонро нашр намудааст. Тавре ки нашрия менависад, асосан 6 омил боиси пеш аз мӯҳлат пир шудани одам мегарданд. Мехоҳед донед, ки ҷавонию ҳусни инсонро чӣ ба заволу нестӣ мебарад? Пас мутаваҷҷеҳ бошед!
                         Депрессия
Тадқиқотҳои охири олимон нишон доданд, ки депрессия на танҳо ламро аз дилдагӣ дилсард месозад, балки ҳамчунин раванди пиршавии майнаро низ метезонад. Аз ҳаимн хотир аломатҳои аввалини бемориро нодида нагиред. Кӯшиш кунед, ки бо тамоми қувва алайҳи дипрессия мубориза баред. Дар мубориза бо депрессия аз табибон кӯмак хостанро фаромӯш насозед.
                     Таъсири нурҳои офтоб
Шумо рӯзи дароз дар хона ва офис ҳастед? Ҳамеша либосҳое ба бар мекунед, ки баданатонро аз нурҳои офтоб муҳофизат мекунанд? Дар айёми гармо истифода бурдан аз кремҳое, ки барои муҳофизати пӯст ҳастанд ба мақсад мувофиқ аст, зеро офтоб бузургтарин Омили пиршавии пӯст боқӣ мемонад.
Тамокукашӣ
Тамоку дорои зиёда аз 3800 навъ моддаҳои кимиёвие мебошад, ки метавонанд ба пӯст зарари ҷиддӣ расонанд, ҳатто дар як рӯз фақат як ё ду дона амоку мекашида бошед ҳам, пӯстатон бармаҳал пир мешавад. Аслан фақр надорад, ки чӣ қадар сигор мекашед, зери таъсири тамокӯ пӯст пиршавии бармаҳалро идома медиҳад.
                            Танҳоӣ
Дӯстон ва наздикон дар ҳақиқат ба инсон барои ҷавону зебо мондан кӯмак мерасонанд. Як қатор тадқиқотҳо нишон доданд, ки одамони дӯсти зиёд дошта ба раванди таъсири синну сол ба организм тобовартар ҳастанд, хусусан вақте ки сухан дар бораи тағироти маърифатии вобаста ба синну сол меравад. Аз ин рӯ ҳар қадар серсор бошед ҳам, аз мулоқту вохӯрй бо дӯстонатон дур намонед
                                      Қаҳва
Субҳро бо як пиёла қаҳва оғоз намудану бегоҳ боз як истакон қаҳва нӯшидан барои аксари одамон одат шудааст, вале онҳо гоҳӣ надоранд, ки қаҳва одамро барҳамал пир мекунад. Сабабаш дар он аст, ки қаҳваи сиёҳ сатҳи дегидроэпиандростерон-гормонеро, ки барои мубориза бо пиршавӣ мусоидат мекунад, коҳиш медиҳад. Ҳамин тавр зери таъсири қаҳва сатҳи ин ҳормон тӯли солҳо оҳиста-оҳиста коҳиш ёфтан мегирад. Истеъмоли аз ҳад зиёди қаҳва метавонад ин равандро суръат бубахшад.
                         Зарфҳои пластикӣ
Зарфҳои нӯшокии пластикӣ натанҳо ба муҳити зист зарароваранд, балки истифодаи доимии онҳо метавонад одамро бармаҳал пир кунад. Шиддати доимии мушакҳо боиси пайдо шудани ожанг дар атрофи лабҳо ва инчунин зиёд шудани ожангҳо мегардад.
Таҳияи Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД