Ҳар як модар бояд бидонад, ки барои рушди ақлонии кӯдак ҳар давраи умрашро босамар гузаронидан муҳим аст. Модар бояд кӯшиш кунад, ки кӯдакро бо амалҳое, ки дар зер меорем, ба худ ҷалб намуда, ба рушди мағзи сари фарзандаш мусоидат намояд.
1. Ба чашмони фарзандатон нигоҳ карда, табассум кунед
Аз рӯзҳои аввал шумо бояд бо кӯдакатон алоқаи визуалӣ ва эмотсионалӣ барқарор намоед. Барои ин ҳамеша бо табассум ба тифлак нигариста, меҳру муҳаббати худро бо нигоҳ ба навзод фаҳмонидан лозим аст.
- Ҳамеша бо кӯдаки худ суҳбат кунед
Фикр накунед, ки кӯдаки навзод чизеро намефаҳмад. Олимон собит кардаанд, ки ҳатто ҳангоми дар дохили батн будани ҷанин овози волидайни худро мешунавад, фарқ мекунад ва ба таври кофӣ калимаҳои соддаро аз худ мекунад.
- Бо кӯдаки худ дар як сатҳ бошед
Ҳангоми муошират дар ҳар ҳолате набошед, худро дар муқобили кӯдак ҷойгир кунед, то ӯ чашмҳо ва даҳони шуморо бубинад. Шумо дар бистар бошед, пас кӯдак дар муқобили шумост, агар кӯдак дар фарш бошад, дар паҳлуяш хобед. Ин амалҳои шумо барои осон кардани хондани ҳаракати лабатон ба фарзандатон кумак мерасонад.
- Ба кӯдаки худ суруд хонед
Бо вуҷуди кам будани истеъдоди овозхонӣ, шумо бояд барои фарзандатон суруд хонед. Сурудҳое, ки бо амал иҷро карда шаванд. Дар баробари ин, чашмон, рухсораҳо ва даҳони худро ба ӯ нишон диҳед.
- Ба тифлак китоб хонед
Аз моҳҳои аввали ҳаёташ кӯдак бояд бо китоб унс бигирад. Китоб хондани модар барои омӯхтани калимаҳои аввал ба тифлак ёрӣ мерасонад.
6. Бо кӯдаки худ бозӣ кунед
Кӯдакон дар ҳар моҳи зиндагии худ ҳам аз ҷиҳати рушди ҷисмӣ ва ҳам ақлонӣ гуногун мешаванд. Марҳилаҳои аввали ҳаёт барои рушд хеле муҳиманд, бинобар ин, бо кӯдак бештар бозӣ кунед.
Дар бораи бозиҳо ва машғулиятҳо бо кӯдакони аз 0 то 1-сола аз тавсияи духтурони кӯдакона низ истифода баред.