formula feb 2025
6 маслиҳати муфид дар боби интихоби либоси Наврӯзӣ барои кӯдакон
197

Салом! Наврӯз яке аз зеботарин ва муҳташамтарин ҷашнҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин идро махсусан кӯдакону наврасон бесаброна интизорӣ мекашанд, аз ҳамин хотир, интихоби дурусти либоси наврӯзӣ барои кӯдакон хеле муҳим аст. Имрӯз мо ба шумо - модарони азиз чанд маслиҳати муфидро дар боби интихоби либоси мувофиқи наврӯзӣ барои духтаракон ва писаракон пешкаш месозем.

  1. Либосҳое, ки барои кӯдакон интихоб мекунед, бояд зебо, бароҳат ва мутобиқ ба муҳити ҷашн бошанд.

2. Зеби Наврӯз либоси миллӣ аст, бинобар ин ба шумо тавсия медиҳем, ки барои кӯдакон куртаҳои аз атлас ва адрас дӯхташударо интихоб намоед. Кӯртачаҳои чакан низ ба духтаракон мезебанд. Тоқичаи зардӯзӣ ҷузъи дигари либоси наврӯзии кӯдакон аст. Вақте ба духтарчаатон чакан ё атлас мепӯшонед, ҳатман ба сараш тоқичаи зардӯзӣ гузоред. Бо чунин либос фарзанди шумо худро “Маликаи Наврӯз” эҳсос мекунад. Кафшчаҳои чармин ё маҳсӣ дар иди Наврӯз барои кӯдакон беҳтарин пойафзол мебошад.

3. Барои писарон дар Иди Наврӯз ҷомачаи зардӯзӣ пӯшондан тавсия дода мешавад. Вақте ки шумо ба писаратон ҷомаи зардӯзӣ мепӯшонед, бояд ҳатман дар сараш кулоҳи заррин гузоред. Шалворе, ки бо ҷомаи зардӯзӣ ба кӯдак мепӯшонед, бояд аз матоъи пахтагин ва бароҳат бошад. Пӯшондани пойфзоли чармӣ ба кӯдак айни муддаост, зеро дар рӯзҳои наврӯзӣ боридани борон имкон дорад.

4. Хоҳед, ки либоси кӯдакон замонавӣ ва мутобиқ ба ҷашни Наврӯз бошад, метавонед онро бо унсурҳои миллӣ омехта кунед, масалан куртаҳои муосири ранга бо нақшҳои чакан хеле зебандаанд. Бо чунин

либос метавонед барои духтаратон сарандози гулдӯзӣ ё тӯриро интихоб намоед. Ба писаракон костюмчаҳои шинам бо камарбанди анъанавӣ пӯшондан мумкин аст.

5. Дар Иди Наврӯз барои кӯдакон либосҳои рангашон равшан - осмонӣ, кабуд, сабз, аст, зард, сурх ва сафед пӯшондан беҳтар аст.

6. Либос набояд кӯдакро нороҳат кунад. Андозаи либос бояд мувофиқ бошад, то кӯдак озодона ҳаракат карда тавонад.

Судоба АКОБИРЗОДА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД