Sebiston new 2024 october
6-фоидаи лӯлак кардани кӯдак
1112



Ҳамин, ки гиряи аввалини тифлак дар таваллудгоҳ шунида мешавад, табиби кӯдакона дарҳол ӯро муоина мекунад ва амалиётҳои дигари баъди таваллудиро анҷом медиҳад.

Пас аз ин момодоя навзодро дар матои чоркунаҷои гумазӣ парпеч мекунад. Ин аввалин либоси тифлаки шумост.
Албатта имрӯзҳо дар мағозаю бозорҳо аз сарпӯш сар карда, то ҷӯробу дастпӯшак садҳо рангу садҳо намуд либосҳои кӯдаконаро пайдо кардан мумкин аст, вале аввалин коре, ки табибон мекунанд, ин парпеч кардани тифл аст. Ва ин беҳуда нест.

Аз замонҳои қадим навзодро баъд аз таваллуд зуд парпеч мекунанд. Эҳтимол модарони муосир гумон кунанд, ки он вақтҳо барои майдачаҳо либоси кофӣ набуд ва барои ҳамин матои чоркунҷаро гирифта, тифли навзодро мепечонданд, вале дар асл ин тавр нест. Парпеч намудани кӯдак якчанд сабаб дорад.

Аввалан: тифл дар шиками модар дар ҷойи тангӣ “зиндагӣ” мекунад ва парпеч намудан дар рӯзҳои аввал давоми зиндагии кӯдакро нишон медиҳад, яъне ҳолати дохилибатнии навзод то як муддат гӯё идома меёбад.

Дуюм: тавре ки табибон мегӯянд, кӯдаконе, ки дасту пойҳояшон ягон нуқсони кӯчак доранд, парпечи дурусту маҳкам барояшон муфид буда, устухонҳои мулоими кӯдакро ба шакли муқаррарӣ медарорад.

Сеюм: лӯлак ҳарорати муътадилеро, ки кӯдак дар батни модар дошт, таъмин мекунад. Ин тифли навзодро барои мутобиқ шудан ба ҳавои берун аз батн одат мекунонад.

Чорум: барои нағз шудани ҷойи ноф парпеч кардани кӯдак хуб аст. Баъди афтидани ноф ҳанӯз ҷойи он пурра шифо наёфтааст ва мумкин аст, ки шамол хӯраду газак гирад.

Панҷум: лӯлак кардан кӯдакро аз шамолхӯрӣ эмин нигоҳ медорад. Шашум: хубии дигари лӯлак дар он аст, ки шиками навзодро гарм нигоҳ медорад ва намегузорад, ки кӯдак шамол хӯрда, зуд-зуд пешоб кунад.

Саволе ба миён меояд, ки дар гармӣ кӯдак метавонад дар парпеч ором бихобад? Лӯлак ба пӯсти нозуки тифли навзод осеб намерасонад?

Дар ҳавом гарм дар матоъҳои ғафс парчеч кардани тифл ба мақсад мувофиқ нест, бинобар ин, беҳтар аст, ки навзодро дар матоъи пахтагин ва мулоим парпеч кунанд.

Ба навзод либоси кушод пӯшондан беҳтар аст, то ки баданаш роҳат бошад. Тифли навзодро тез-тез оббозӣ даровардан фоиданок аст.

Ҳанӯз соли 1950 дар Амрико уребчаҳои кӯдакона (памперс) ихтироъ карданд, ки он кори модаронро хеле осон намудааст. Занони муосир бе уребча калон кардани кӯдакро ҳатто тасаввур карда наметавонанд, вале бояд гуфт, ки уребчаро аз меъёр зиёд истифода бурдан ба кӯдак зарар дорад.

Тифл набояд бо уребчаи пур зиёд гаштугузор кунад. Дар сурати ҳамеша уребча пӯшондан гурдаҳои кӯдак ба илтиҳоб (восполение) гирифтор шуда, дигар пешобашро дошта наметавонад. Хоҳед, ки фарзандатон солим бошад, андозаро нигоҳ доред!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД