6 –амале, ки анҷом доданашон
дар иди қурбон гуноҳ аст
Қурбону рамазон аз зумраи бузургтарин идҳои исломӣ ба шумор рафта, муслимин дар сар то сари олам ин ду иди муборакро хеле дӯст медоранд. Худованди қодиру тавоно ва меҳрубону дилсӯз ин ду идро барои хушнудии бандагонаш ато намудааст, вале баъзе амалҳое ҳастанд, ки анҷом доданашон дар рӯзҳои иди қурбон раво нест.
1.Ташкил намудани маҳфилҳои рақсу суруд ва омезиши марду зан дар он.
Рақсу бозӣ ва хушҳолӣ дар рӯзҳои иди қурбону рамазон барои мардону занони мусалмон ҷоиз аст, аммо набояд аз доираи шариат берун бошад. Занҳо, агар мехоҳанд хушҳолӣ кунанд, бояд дар макони алоҳида, ки дур аз назари номаҳрамон бошад, маҳфил ороянд. Рақсидан зери садои мусиқиҳои фаҳшомез низ ҳаром ба шумор меравад. Расули Худо (с) гуфтаанд: “Дар миёни уммати ман қавмҳое пайдо мешавад, ки зино, ҳарир (либоси абрешим) ва мусиқиро ҳалол бешуморанд”(Ривояти Бухорӣ).
2.Дар кӯчаҳо тӯда-тӯда сайр намудани занону духтарон бидуни риояи иффату покдоманӣ.
Якҷоя бо мардон дар рӯзи ид дар кӯчаҳо сару гашт намудани занону духтарон ва бо садои баланд сухан гуфтану ҳазлу шӯхиҳои ноҷо кардан хилофи дини мубини ислом буда, анҷом додани чунин амалҳо барои фарди мусалмон раво нест. Беҳтар аст, ки бонувон бо мардони бегонаву нмаҳрам не, балки ҳамроҳи ҳамҷинсони худ сайругашт намоянд ва дар рӯзҳои ид аз кирдорҳои номатлуб худдорӣ кунанд. Абуҳурайра ривоят мекунад, ки расули Худо (с) фармуданд:
“Ду тоифа аз аҳли ҷаҳаннам мебошанд, қавме, ки дар дастон тозиёнаҳои мисли шохҳои гов доранду бо он мардумро шиканҷа мекунанд ва дар ҳаққи мардуми бегуноҳ зулмро раво мебинанд, тоифаи дигар заноне, ки бар тан либоси шаффоф мекунанд ва аъзои бадани онҳо намоён мегардад, аз иффату покдоманӣ рӯй метобанд ва занони дигарро ба ин кирдори бади худ ташвиқу тарғиб мекунанд. Мӯйҳои сарашонро ба мисли сари уштур ба ду фарх мекунанд. Бешубҳа чунин тоифаҳо на дохили ҷаннат мешаванд ва на бӯи он ба машомашон мерасад” (Ривояти Муслим);
3.Зиёдаравӣ ва исрофкорӣ
Зиёдаравӣ намудан дар корҳои мубоҳ аз қабили харидорӣ намудани либоси аз ҳад зиёд, харидорӣ намудани маводи хӯрокаи аз ниёз зиёда, ки ба ҳадди исрофкорӣ мерасад, раво нест. Худованд исрофкориро манъ намуда, анҷомдиҳандаи онро мавриди накӯҳиш қарор додааст: “Бихӯред ва бинӯшед ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳед, чунки Худо исрофкоронро дӯст намедорад” (Сураи Аъроф, ояти 31);
4.Тарки намози ид
Баъзе нафарон нисбат ба адои намози ид бепарвоӣ зоҳир мекунанд ва худро аз аҷру подоши намоз маҳрум месозанд. Хурду бузургро лозим аст, то дар намоз ширкат варзанд ва бе узри шаръӣ тарки намоз накунанд. Касе бе узр тарки намози ид мекунад, дониста бошад, ки хатои бузургеро анҷом додааст.
5.Пеш аз намоз хӯрдан
Пеш аз намоз чизе хӯрдан мухолифи шариат мебошад. Дар иди қурбон суннат аст, ки фарди мусалмон то намози ид чизе тановул накунад, балки пас аз намоз омада аз қурбонияш тановул кунад, агар албатта қурбонӣ дошта бошад, агар надошта бошад метавонад аз қурбонии нафари дигар тановул намояд. Аз Абдуллоҳ ибни Бурайда ривоят аст, ки мегӯяд: “Расули Худо (с) дар иди фитр таом тановул мекарданд, пасон ба намози ид мерафтанд, аммо дар иди қурбон аввал намозро мехонданду баъд таом мехӯрданд” (Ривояти Тирмизӣ)
6.Гӯш наандохтан ба хутбаи намози ид ва амри маъруф
Гӯш наандохтан ба хутбаи намзи ид гуноҳ аст. Дар ин рӯзҳо мардум барои гӯш андохтан ба хитоби имом, ки дину оини мардумро ба онҳо мефаҳмонад, сахт эҳтиёҷ доранд ва ягона маҳфилҳое, ки асолат ва рисолати ҳар мусалмонро ба ӯ таълим медиҳад, ин маҳофили динӣ, масоҷид ва хутбаҳои пурмуҳтавои имомони бо тақвову парҳезгор ба ҳисоб меравад.
Боқӣ ба шумо тансиҳатию хонаободӣ таманно намуда, даст ба дуо мебардорем, ки то идҳои дигар худованд ҳамаи мову шуморо солиму солеҳ нигаҳ дорад.