Зани 24-солаи сокини шаҳри Бохтар бо гумони ташкил, нигоҳдошти фоҳишахона ва ё даллагӣ аз ҷониби кормандони ВКД дастгир шуд. Ҷавонзани дастгиршуда барои мардҳо барои ҳамхоба шудан, духтарони ҷавонро ёфта, бар ивази хизматрасонӣ аз онҳо маблағи калон мегирифтааст.
Тавре сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, номбурда рӯзи 4-уми апрели соли 2020, тахминан соати 20:35 дақиқа, дар кӯчаи Назаршоеви шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан марди 29-солаи сокини шаҳри мазкурро бо ҷавондухтари 20-солаи сокини шаҳри Бохтар шинос карда, аз онҳо 500-сомонӣ ҳамчун мукофотпулӣ гирифтааст.
Худи ҳамон рӯз, тахминан соати 21:30, дар кӯчаи Назаршоев барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо марди 35-солаи сокини пойтахт бо ҷавонзани 23-солаи сокини шаҳри Бохтар шинос карда, аз онҳо 450-сомонӣ ҳамчун ҳақи хизмат гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.