5 соли зиндон барои паҳн кардани навори шикори ҳайвоноти нодир дар интернет
88

Ҷавобгарӣ барои шикори ҳайвоноти нодир дар ҷумҳурӣ пурзӯр гардонида шуд. Мувофиқи тағйироте, ки ба моддаи 232-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, барои таблиғи шикори ғайриқонунӣ ва нашри аксу навори шикори ҳайвонот дар расонаҳо ва интернет дар ҳаҷми аз 78 то 156 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида мешавад ва чунин шахсонро ҳатто метавонанд аз се то панҷ сол ҳабс кунанд.

Ҷавобгарӣ барои такроран содир намудани чунин амалҳо, шикори намудҳои комилан мамнуъи ҳайвонот ва шикори ғайриқонунӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ ё дар ҳайати гурӯҳ боз ҳам сахттар буда, ба андозаи то 234 ҳазор сомонӣ ҷарима ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 4 то 7 сол пешбинӣ шудааст.

Муҷозот барои шикор ва куштани бабри барфӣ боз ҳам сахттар шудааст. Шахсоне, ки бабри барфиро шикор мекунанд, ҷаримаи калон месупоранд ва дар сурати такрорран содир намудани чунин амал то 8 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.

Барои шикори ҳайвоноти нодире, ки ба “Китоби сурх” ворид карда шудаанд, иҷозатномаи махсус лозим аст, вале новобаста ба ин, аксу наворҳои шикори ғайриқонунии ҳайвоноти нодир, ки зери хатари нобудшавӣ қарор доранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД