Тарбияи фарзандон як раванди мураккаб ва масъулиятнок буда, аз волидон сабру таҳаммул, муҳаббат ва таваҷҷӯҳи зиёдро талаб мекунад. Имрӯз мо панҷ далелро дар бораи волидайн пешниҳод ненамоем, ки ба шумо дар фаҳмидани аҳамият ва хусусиятҳои тарбияи кӯдак кӯмак мекунанд.
1. Падару модар тарбиятгари асосии кӯдак мебошанд. Аз лаҳзаи таваллуд дар ҳаёти кӯдак волидон нақши калидӣ мебозанд. Онҳо аввалин муаллимоне ҳастанд, ки арзишҳо, ҷаҳонбинӣ ва маҳорати ӯро ташаккул медиҳанд. Кӯдакон рафтори волидайни худро мушоҳида ва тақлид мекунанд, аз ин рӯ, барои онҳо намунаи хуб будан хеле муҳим аст.
2. Муошират асоси тарбия ба ҳисоб меравад. Муоширати баландсифату хуби падару модар ва фарзандон асоси тарбияи муваффақ аст. Волидон бояд гӯш кардан ва фаҳмидани фарзандони худро ёд гиранд ва тавонанд интизориҳои онҳоро бароварда созанд. Ошкорбаёнӣ ва эътимод дар муносибатҳо ба барқарор кардани робитаи мустаҳкам байни волидон ва фарзандон кӯмак мекунад.
3. Истифодаи усулҳои мусбӣба монанди ситоиш, рӯҳбаландсозӣ ва дастгирӣ ба кӯдакон кӯмак мекунад, ки худбаҳодиҳӣ, эътимод ва ҳавасмандиро дар вуҷуди хеш инкишоф диҳанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки волидон бояд рафтори манфии фарзандашонро нодида бигиранд. Мувозинати байни таърифу ислоҳ дар тарбияи кӯдакон бояд риоя шавад.
4. Волидон бояд қоидаҳо ва сарҳадҳои дақиқ муқаррар кунанд ва риояи онҳоро таъмин намоянд. Яке аз ин қоидаҳо муҳаббату дӯстдорӣ миёни падару модари кӯдак ба ҳисоб рафта, кӯдакон аз пайвастагии байни волидони худ муҳофизат ва боварро дар худ ҳис мекунанд.
5. Тарбияи кӯдакон як раванди тӯлонӣ ва давомдорест, ки вақт ва кӯшишро талаб мекунад. Волидайн бояд ба он омода бошанд, ки таълиму тарбияи фарзанд амали якдафъаина нест, балки кори доимӣ болои худ ва фарзандон мебошад. Дар хотир доштан муҳим аст, ки ҳар як кӯдак беназир аст ва муносибати хубро аз атрофиён талаб мекунад.