Ду ҳодисае, ки боиси марги 5 инсон гашт
Мирзо Абдулқодири Бедил барҳақ фармудааст:
Як қадам роҳ аст Бедил, аз ту то домони хок,
Дар сари миҷгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош!
Дар ҳақиқат одамизод дар рӯйи замин меҳмон аст ва умри мо ба ҳамон қатраи ночизи ашк мемонад, ки дар сари миҷгон истодаву ҳар замон хавфи фурӯ рехтан ба замин таҳдидаш мекунад. Кас намедонад, ки шоҳини баландпарвози умри ӯро сайёди аҷал кай ва чи гуна сайд хоҳад кард.
Амирҷон, Файзалӣ, Баҳромиддин, Комрон ва Дӯстмурод-ин панҷ нафар низ ғофил аз бозиҳои номардонаи тақдир нақшаҳои нав ба нав кашида, дар дил орзуву ҳавасҳои ширин мепарварданд, аммо аждари марг дар як лаҳза ин панҷгонаро ба коми худ фурӯ кашида, ин ҷавонмардони рустамбозу ба таври фоҷиавӣ зиндагиро падруд гуфтанд...
Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани ду рӯйдоди пурхун дар як шабонарӯзи охир дар Хатлонзамин хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, ҳодисаи аввал шоми 27-уми сентябр, тахминан соатҳои 01.30 сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Харриер» Файзалӣ Сайвалиеви 43-сола ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Қубодиён, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромада, аз роҳи асосӣ ба қисмати рости роҳ баромада, ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа мошин чаппагардон шуда, бар асари ин садамаи маргбор якбора 4 нафар-Баҳромиддин Давлатови 35-сола, Комрон Шерхонови 25-сола, Дӯстмурод Шарипови 41-сола ва худи ронандаи мошин ба таври фоҷиавӣ ба ҳалокат расиданд.
Ҳодисаи дуюм дар шоҳроҳи Душанбе-Панҷи поён сар зада, бо сабаби аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромадани ронанда Шарифбек Шоазизов мошини “Опел-Астра” дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чаппагардон шудааст. Ронанда дар натиҷаи садама ҷароҳатҳои зиёде бардошта, мусофири мошин Амирҷон Ҳайдарови 29-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандагони азиз! Ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошед, зеро як лаҳзаи фориғболии шумо метавонад боиси сар задани ягон ҳодисаи нохуш ва ҳалокати одамони бегуноҳ гашта, чандин хонаро мотамсаро ва чанд кӯдаки маъсумро аз меҳру муҳаббати падар ё модар маҳрум гардонад. Ҳаёти худ ва дигаронро дар хатар нагузоред, охир беҳуда нагуфтаанд: Эҳтиёт ними ҳаёт!