Қуръони карим барои тамоми бандагони мусалмон китоби муқаддас ба ҳисоб меравад ва муслимин кӯшиш мекунанд, ки зиндагии худро дар асоси фармудаҳои он ба роҳ бимонанд, аммо худованд ба ғайр аз Қуръон барои ҳидояти банни башар боз чанд китоби дигар низ фиристодааст, ки донистанашон барои ҳар як фарди мусалмон шарт аст.
Аз Ҳазрати Ибрҳим то Ҳазрати Муҳаммад (С.С)
Худованд барои ҳидояти башар китобҳои осмонии бисёре фиристодааст, ки он саҳифаҳои Иброҳим (а) ва Нӯҳ (а), Тавроту Инҷилу Забур ва аз ҳама комилтар Қуръони маҷид аст. Агар ин китобҳо нозил намешуданд, инсоният дар роҳи худшиносӣ ва ибодати Парвардигор гирифтори хато мешуд ва аз усули тақво, ахлоқу тарбият ва қонунҳои иҷтимоии лозим бебаҳра мемонд. Ин китобҳои осмонӣ ба сони борони раҳмат бар сафҳаи дилҳо фурӯ рехт ва донаҳои тақво, ахлоқ, маърифати Худо ва илму ҳикматро дар ниҳоди инсонҳо парвариш дод. Худованди мутаъол мефармояд: «Пайғамбар ба он чи аз Парвардигораш ба сӯи ӯ фуруд оварда шуд, бовар дошт ва мӯъминон низ ҳама ба Худо ва фариштагони Ӯ ва китобҳои Ӯ ва пайғамбарони Ӯ имон оварданд.” (Сураи «Бақара», ояти 285)
Қуръон таҳриф нашуд, вале...
Мутаассифона бар асари гузашти замон ва дахолати ҷоҳилон бисёре аз китобҳои осмонӣ мавриди таҳриф (изофа ё кам кардани матн) қарор гирифту афкори нодуруст омехта шуд, вале Қуръони карим дастнохӯрда боқӣ монд ва ҳамчун офтоби ҷаҳонтоб дар ҳамаи асру замонҳо медурахшад ва дилҳоро бо нури худ равшан месозад. Худованд фармуда, ки «Эй касоне, ки имон овардаед, имон биёваред ба Худованд ва паёмбараш ва китобе, ки ба паёмбараш фиристод (яъне Қуръон) ва китобе, ки пеш аз ин фиристодааст (Таврот, Инҷил ва ғайра) ва ҳар касе, ки ба Худованд ва фариштагон ва китобҳои осмонӣ ва паёмбаронаш ва рӯзи қиёмат кофир шуд (ва имон наёвард), сахт дар гирдоби гумроҳӣ воқеъ шудааст». (Сураи «Нисо», ояти 136).
Имон ба китобҳои осмонӣ имон ба худованд аст!
Яке аз усули ақидаи исломӣ имон ба китобҳои осмонӣ мебошад. Мо имон дорем ба ин ки Аллоҳ таоло ба паёмбарони худ китоб фиристодааст, тавре ки Аллоҳ таоло мефармояд:
«Ҳар оина фиристодем паёмбарони худро ба нишонаҳои возеҳ ва фуруд овардем ҳамроҳи эшон китоб ва тарозуро то амал кунанд мардумон ба инсоф». (Сураи «Ҳадид», ояти 25).
Имон ба китобҳои осмонӣ иборат аст аз эътиқод ба ҳаққонияти китобҳое, ки аз ҷониби Аллоҳ - субҳонаҳу ва таъоло – барои ҳидояти махлуқот ба паёмбарон (а) нозил шудаанд. Машҳуртарин китобҳои муқаддаси осмонӣ асосан чаҳорто, Таврот, Инҷил, Забур, Фурқон мебошад.
Таврот чӣ мегӯяд?
Таврот китобе аз китобҳои Худованд аст, ки бар калимаш Мусо (а) нозил кардааст, барои баёни аҳкоми шаръӣ ва ақоиди дуруст ва писандида ва дар он мужда ба зуҳури паёмбаре аз фарзандони Исмоил дода шуда, ки ӯ Паёмбари мо Муҳаммад (с) аст ва дар он ишора шуда ба ин ки ин Паёмбар дини ҷадидеро меоварад, ки ба сӯи биҳишт ҳидоят ва раҳнамоӣ мекунад.
Инҷил аз чӣ башорат медиҳад?
Инҷил, ки Худои таоло онро ба ҳазрати Исои Масеҳ (а) нозил карда аст ва он тасдиққунандаи Таврот аст. Инҷил маънои «башорат» ва «хушхабар» буда, яке аз китобҳои Худованд аст, ки ба хотири баёни ҳақоиқ ва даъвати мардум ба сӯи тавҳид ва яктопарастӣ ва насхи бархе аҳкоми Таврот бар тибқи муқтазаёт ва мужда додан ба зуҳури хотами анбиё бар ҳазрати Исо (а) нозил шудааст.
Уламо муътақид ҳастанд, ки Инҷили кунунӣ дорои чаҳор нусха аст ва аз тарафи чаҳор шахс навишта шуда, ки бархе аз онҳо ҳаргиз Масеҳ (а) -ро надидаанд.
Забӯр чаро нозил шуд?
Забурро Худованд барои ҳазрати Довуд (а) нозил карда, аҳкоми шаръӣ вуҷуд надорад, зеро ки Довуд (а) маъмур ва аз шариати Мусо (а) пайравӣ намояд.
Китобҳои осмонӣ 4 то ё 104?
Таъйини адади китобҳои осмонӣ аз тарафи мо мумкин нест, зеро адади онро ҷуз Худованд касе намедонад. Ҳарчанд дар баъзе сарчашмаҳои илмӣ адади китобҳои осмонӣ маҷмуъан 104 китоб ва саҳифа зикр шудааст, вале қавли аҳват ин аст, ки дар китобҳои осмонӣ ба мисли пайғамбарон набояд андозаеро таъйин кард. Вазифаи мо ин аст, ки бигӯем: Ба ҳамаи китобҳои Ӯ таъоло имон ва бовар дорем. Имон ба китобҳои илоҳӣ яке аз аркони ҳафтгонаи имон маҳсуб мешавад, ки бидуни гаравидан ба он имони шахс саҳеҳ намегардад.