Commerce bank may-june 2026
300 корманди “Шабакаҳои тақсимоти барқ” барои изофанависии нерӯи барқ ҷазо гирифтанд
14.07.2026
Оила
111

Зиёда аз 300 нафар кормандони “Шабакаҳои тақсимоти барқ” барои изофанависии барқи сарфшуда аз ҷониби аҳолӣ ҷазо гирифтаанд.

Дар ин бора намояндагони Агентии назорат дар соҳаи энергетика хабар дода гуфтаанд, ки онҳо беш аз 122 млн квт-соат нерӯи барқро ба суратҳисоби аҳолӣ изофанависӣ кардаанд. Зарари дар натиҷаи ин амали кормандони “Шабакаҳои тақсимоти нерӯи барқ” расида зиёда аз 37 млн сомониро ташкил дода, дар пайи ин моҷаро 263 корманди ШТБ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Кормандони шабака дар маҷмӯъ ба маблағи 186 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуда, нисбати 45 корманди ШБТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст.

Дар филиали ШТБ дар Кӯлоб изофанависии нерӯи барқ ба маблағи 20 млн 92 ҳазор сомонӣ, Бохтар 9 млн 310 ҳазор сомонӣ, Суғд 3 млн 300 ҳазор сомонӣ шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 млн 299 ҳазор ошкор карда шудааст. Дар филиали ШТБ дар Душанбе изофанависии нерӯи барқро дар ҳаҷми 986 ҳазор сомонӣ ошкор кардаанд.

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД