Ишқи маҷозӣ
Маҳҷабин аз ҳисоби пулҳои фиристодаи шавҳар барои худаш беҳтарин либосҳоро харидорӣ намуда, худро орову торо медод. Акнун духтараш калону мададрасон шуда буду кору борро ҳаволаи ӯ карда, мудом банди телефон буд ва оҳиста-оҳиста шиносҳои зиёде аз шабакаҳои иҷтимоӣ ёфт. Акнун ин зани деҳотии хонашин шабҳои дароз бо ҷавонони бекори мисли худаш ҳамсӯҳбати маҷозӣ мекофта чақ-чақ мекарду аз ёд бурда буд, ки ӯ зани шавҳардор аст. Ӯ ҳатто ба гӯшаи хотир намеовард, ки оҳиста-оҳиста ба мурдоби бадмури хиёнату зино ғарқ мешавад, хона шавҳар, хусуру хушдоман, ҳатто се фарзанди нозанинашро аз ёд бурда буд, бо умеди ёрони маҷозияш. Як ҷавонмард аз ноҳияи ҳамсоя будаасту ронандаи таксӣ, Наҷиб ба Маҳҷабин ваъдаҳои осмонӣ медоду оқибат занро ба доми худ кашид. Ҷавонзан аввалҳо аз гапи мардум метарсиду аз пайвандону хусуру ҳушдоманаш бим дошт. Оҳиста-оҳиста он қадар ба ин ҷавони суханпардоз дил баст, ки дигар бо суханҳои телефонӣ иктифо накарда, ӯро ба вохӯрӣ хонд. Аммо вохӯрияшон сурат нагирифт, зеро Сафар бемор шуду аз Русия баргашт. Акнун Маҳҷабини телефон-бемор хонаро хилват карда, бо ошиқаш ва дар баробари ӯ бо ду-се каси дигар чақ-чақ мекард. Сафар ба бемории шамолхӯрии шушҳо гирифтор буду табобаташ хеле тӯл кашид. Ташвиши саломатӣ дошта бошад ҳам, аз авзои ҳамсараш пай мебурд, ки Маҳҷабин дигар он бонуи ботаҳаммул ва ҳалиму меҳрубон нест. Бечора Сафар гумон мекард, ки занашро кори хонаву бемории ӯ хаста кардааст, вале оҳиста-оҳиста рафторҳои аҷибу ғариби ӯро мушоҳида карда, аз пушти вай мепоидагӣ шуд…
Хиёнати телефонӣ
Мард медид, ки ҳамсараш аз вай дурӣ меҷӯяд ва ҳамин, ки вақт ёфт, ба телефон мечаспад. Сафар то ҷое фаҳмид, ки гап дар куҷо аст ва як рӯз ба Маҳҷабин гуфт:
-Моҳ, ман имшаб умуман нахобидам, як доруи хобам бидеҳ то каме хоб равам, то худам бедор нашавам, бедорам накун, бигузор асабҳои хастаам ором гиранд.
Маҳҷабин бо хурсандӣ аз ҷой хеста, барои ӯ доруе оварду шитобон берун баромад.
Сафар доруро нахӯрда, онро ба ғаладони ҷевон партофту худро ба хоб зад, аз байн як соат гузашту Маҳҷабин вориди хона шуда, ба хоб будани шавҳараш боварӣ ҳосил карда, ба хонаи дигар гузашт. Сафар низ нӯг-нӯги пой ба хонаи дигар гузашт, фарзандонаш ба мактаб рафта буданду падару модараш бошанд, ба аёдати кӯдаки бемори бародараш.
Маҳҷабин он қадар дар дунёи ишқи маҷозияш фурӯ рафта буд, ки болои сараш будани шавҳарашро эҳсос накард. Сафар то он даме тоқат кард, ки занаш ба ким кадом мард сабти садоӣ равон карда гуфт:
-Ман ҳам овози туро пазмон шудам азизам, лекин илоҷ нест. Чӣ гумон мекунӣ, ки барои ман осон аст, ҷони ман, тоқат кун, ҳамин, ки сиҳат шуда ба Русия рафт, пагоҳаш вомехӯрем…..
Сафар телефонро чанг зада, аз дасти Маҳҷабин гирифту бори аввал дар умраш ба сари занаш даст бардошт, занашро то хуншору сиёҳу кабуд шуданаш лагадборон карду баъд хусуру хушдоман ва бародарони Маҳҷабинро фарёд карда, ӯро се талоқ кард.
Бародарони Маҳҷабин Наҷибро кофта ёфтанд. Ҷавонмард бо хонаи ҳалолаш қасам хӯрд, ки Маҳҷабинро надидаасту боре бо вай сӯҳбат накардааст, аммо Сафар дигар занашро қабул накард…
Инак, шаш моҳ мешавад, ки Маҳҷабин дар хонаашон аст, кӯдаконаш гоҳ ин ҷо ҳастанду гоҳи дигар дар хонаи падарашон. Ду рӯз пеш духтараш хабар овард, ки падараш зан мегирад, ӯро бо як пирдухтар фотеҳа карданд. Маҳҷабин ҳоли зоре дорад, Наҷиб баъди ин ҳодиса бо ӯ умуман гап намезанад ва ба бародаронаш ҳам гуфтааст, ки ман занамро дӯст медораму ҳаргиз аз болояш зан гирифтанӣ нестам. Маҳҷабин аз хона хеле кам берун мебарояд, аз теғи нигоҳи падару бародараш меҳаросад, модару апааш низ бо ӯ хуб гап намезананд.
Ҷавонзан метарсад, ки заҳри пушаймонӣ оқибат ӯро ба домани хок мекашад.
Дилошӯб