Тибқи маълумоти ахири Хазинаи кӯдакони созмони миллали муттаҳид (ЮНИСЕФ) 190 миллион кӯдак таҳти хатари бузургтарин қарор доранд.
Хатарҳои мазкур норасоии об, санитария ва беҳдошт (WASH), инчунин бемориҳои алоқаманд ба онҳо ва таҳдидҳои иқлим мебошанд, ки дар 10 кишвари африқоӣ ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи таҳлилҳо аз ҳама бештар ин хатархо ба кӯдакон дар Бенин, Буркина-Фасо, Камерун, Чад, Кот-д'Ивуар, Гвинея, Малӣ, Нигер, Нигерия ва Сомалӣ таҳдид мекунад.
Натиҷаҳо нишон доданд, ки яке аз минтақаҳое, ки аз таъсирҳои иқлим бештар аз ҳама бо мушкили норасои об дучор мегардад, Африқои Ғарбӣ ва Марказӣ мебошад.
Санҷай Виҷесекера , директори барномаҳои ЮНИСЕФ дар баромади худ қайд кард, ки ба Африқо буҳрони об таҳдид мекунад. Дар ҳоле, ки дар саросари ҷаҳон зарбаҳои марбут ҳам ба иқлим ва ҳам ба об шиддат мегиранд, дар ҳеҷ минтақаи дигари ҷаҳон чунин хатарҳо барои кӯдакон ин қадар зиёд нашудааст, кидар Африқо ба назар мерасад.
“Тӯфонҳои харобиовар, обхезиҳо ва хушксолиҳои бесобиқа аллакай биноҳо ва манзилҳоро хароб, манбаъҳои обро ифлос, буҳронҳои гурусанигиро эҷод ва бемориҳоро паҳн мекунанд. Новобаста аз душвор будани шароити кунунӣ, бидуни андешидани чораҳои фаврӣ ояндаи аз ин ҳам тиратар метавонад моро интизор бошад» -гуфтааст Санҷай Виҷесекера.
Гуфта мешавад, ки дар 10 “минтақаҳои доғ” қариб аз се як ҳиссаи кӯдакон дар хонаашон ҳадди ақал ба об дастрасӣ надошта, аз се ду ҳиссаи дигар иншооти оддии санитарӣ надоранд. Инчунин, аз чор як ҳиссаи кӯдакон ба ҷуз аз қазои ҳоҷат дар берун дигар илоҷе надоранд. Шустани дастон бо сабаби набудани об ва собун маҳдуд буда, аз чор се ҳиссаи кӯдакон дастони худро наметавонанд бишӯянд.
Чунин сабабҳо пеш меояд, ки дар кишварҳои мазкур бемориҳои шадиде мисли дарунравӣ боиси фавти зиёди кӯдакон шаванд.
Сармоягузорӣ ба иншооти обтаъминкунӣ, санитария ва беҳдошти ба тағйирёбии иқлим тобовар на танҳо масъалаи ҳифзи саломатии кӯдакони имрӯз, балки таъмини ояндаи устувор барои наслҳои минбаъда низ мебошад.