Мурғи дили ин модари хору залил бармаҳал мурдааст. Ғаму ғуссаи зиндагӣ, бахти сиёҳ, ситаму бераҳмиҳои шавҳар, дасисаю бозиҳои номардонаи бародар ҷони Мастураи сарсахтро ба лабаш овардаасту ӯро то ба худкушӣ расондааст. Ҳатто душман ба сари кас ин қадар балоро намехезонад, ки наздикони ин модари муштипар барои як порча замини хушку холӣ ба сараш овардаанд.
Нафс, чашми гурусна, ҳасад, худхоҳӣ, кинаю адоват акаро ба додар, падару модарро ба фарзанд ва апаю хоҳарро ба фарзанди падар душман кардааст. Пиру кампири ҷигарсӯхта ҳеҷ ба гӯшаи хайёлашон намеоварданд, ки ситами фарзанд рӯзашонро ба он дараҷа сиёҳ менамояд, ки ба ҷойи зистан онҳо тасбеҳ мегардонанду дуо мекунанд, ки Худованд зудтар ҷони кайҳо аз ғам сӯхтаашонро бигираду аз ситами писар онҳоро бираҳонад.
Аз дар ба дарӣ, бехонагию бепадарӣ Сабоҳату Гулрӯ ғуломи дари тағо шудаанд. Ҳатто агар як барги дарахт бе фармону хоҳиши тағояшон Додар биҷунбад, ин ду духтаракони бетақдиру шӯрпешонӣ ҷойи гурез наёфта, зери мушту лагад мемонанду ба ғазаби тағои ҷоҳил гирифтор мешаванд.
Бо дидани оби чашми талху ҷигарсӯзи ин модари маҳзуну духтарони афсурдаю ғамзадаи дар кӯчаҳои шаҳр сарсонгашта дили кас реш-реш мегардад. Агар ҳамагон аз як гиребон сар барорему Мастураю фарзадони бетақдирашро аз доми хатари фарзанди падар бираҳонем, он гоҳ боз ҷони модари дармондаю фарзандони бесарпаноҳро мехарем!
Боварӣ дорем, ки баъди тамошои ин навор тамоми бародарони мусулмон, соҳибкорон ва умуман шахсони хайрхоҳ нисбат ба тақдири Мастура ва фарзандонаш бетараф намонда, дасти мадад сӯяшон дароз мекунанд.
Нафароне, ки ба ин модари зани ҷафокашида кӯмак кардан мехоҳанд, метавонанд ба рақами телефони Маҳмадова Мастура Мудасировна занг зананд: (+992) 008552605 ва ё ба корти бонкии Мастура маблағ гузаронанд:
5058 2703 6229 5890
(Dushanbe City , интиқол ҳам аз дохилу ҳам хориҷи кишвар)