Ҳангоми рафтан дар кӯча, мард бояд аз тарафи чапи зан қадам гузорад.
Аз ҷониби рост мардоне, ки рутбаи ҳарбӣ доранд, метавонанд қадам зананд, зеро онҳо бояд ҳар лаҳза омодаи саломи ҳарбӣ бошанд.
*****
Вақте ки зан пешпо мехӯрад, мард бояд аз оринҷи зан дорад. Дар дигар ҳолатҳо барои доштани дасти зан иҷозат пурсидан лозим аст.
*****
Дар ҳузури зан, мард бе иҷозат сигор накашад.
******
Ҳангоми берун шудани бону, мард бояд дарро кушояд ва ба ӯ роҳ диҳад.
******
Вақти аз зинаҳо фуромадану баромадан мард бояд аз зан як-ду зина пушт қадам ниҳад, то дар сурати пешпо хӯрдани зан ӯро аз афтидани ногаҳонӣ нигоҳ дорад.
*******
Ба лифт аввал мард ворид мешавад, вале ҳангоми баромадан, мард ба зан бояд роҳ диҳад.
*****
Аз мошин аввал мард берун мебарояд ва гирди мошин чарх зада, дари онро мекушояду дар фуромадан ба зан ёрӣ мерасонад.
*******
Вақте зану мард ба ҳуҷра ворид мешаванд, мард бояд дар кашидани болопӯши зан ёрӣ расонад ва ҳангоми аз ҳуҷра берун шудан, либосашро ба вай дароз кунад.
*****
Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, вақте ки зан рост истодааст, мард набояд шинад.
*****
Мувофиқи рафтори ҳамида мард набояд ба мулоқот бо бону таъхир кунад.
****
Ба бонувон дар бардоштани сумкаву борхалтаҳо ёрӣ расондан ҳатмист.
*****
Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ занро ғайбат кардан аз рӯи одоб нест, хусусан дар иҳотаи мардон.
*****
Ҳангоми суҳбат мард набояд дастонашро дар қафаси сина ё кисааш нигоҳ дорад.