Аксари домуллоҳои мо дар амри маъруф ва маъвизаҳои худ бештар дар бораи қарзҳои зан дар назди шавҳар сухан ронда, бо ҳамин роҳ ҳатмӣ будани эҳтироми шавҳарро ба бонувон талқин менамоянд ва таъкид мекунанд, ки дар сурати ба ҷо наовардани эҳтироми мард ва рио накардани ҳуқуқҳои шавҳар зан ба ғазаби худо гирифтор хоҳад шуд.
Албатта ҳурмат кардани шавҳар ва ба ҷо овардани хизмати мард барои зан фарз аст, аммо дар баробари ин мардон низ дар назди занони худ вазифаҳое доранд, ки бояд ҳатман онҳоро анҷом диҳанд. Имрӯз мо дар бораи 10-қарзи мард дар назди ҳамсараш ба шумо маълумот медиҳем.
Мавлоно Абдурауфи Сукравӣ мефармояд, ки бар ҳар мард лозим аст то ҳуқуқи ҳамсари хешро риоя кунад. Масъулиятҳои асосии мард дар назди ҳамсараш инҳоянд.
1.Бо зан хушмуомила будан ва дағалӣ накардан.
2.Агар зан аз рӯи нодонӣ ё камтаҷрибагӣ хатое содир кунад, онро бахшидан. Барои ислоҳи камбудӣ ба зан бо хубӣ бифаҳмонад, то дар оянда онро такрор нанамояд. Беҳуда барои як камбудӣ хашму ғазаб накунад.
3.Дар ғайрат эътидол намояд. Ин ба он маъност, ки ба зан беҳуда рашку бадгумонӣ накунад. Инчунин нисбат ба зан ғофил намонад, то ӯ бо мардони бегона робита накунад.
4.Дар нафақаи зан миёнарав бошад. Беш аз ҳад тангӣ накунад ва ба исрофкории зиёд низ роҳ надиҳад.
5.Аҳкоми ҳайзу нифосро ёд гирифта, ба зан ёд диҳад. ӯро ба намоз амр намояд ва аз амалҳои ҳарому макрӯҳ ва бидъат манъ кунад.
6.Ба қадри зарурат бо зан ҳамхобагӣ кунад. Яъне, дурудароз аз зан канораҷӯӣ ва дурӣ нанамояд.
7. Бе зарурат занро талоқ надиҳад.
8. Занро бо сарпаноҳ (хона, манзил) таъмин намояд.
9. Ба зан иҷозати мулоқот бо маҳрамҳояш (падар, модар, амак, тағо, ҷиян) диҳад.
10.Суханони маҳрамонаи ба ҳамсараш мегуфтагиро ба дигарон нагӯяд.