Пирамарде ҳар рӯз писаракеро дар кӯча пойи бараҳна медид. Дили мӯйсафед ба ҳоли бачаи бечора сӯхт ва рӯзе аз бозор барояш як пойафзол харида оварду гуфт:
-Биё, ин пойафзоли навро бипӯш.
Писарак пойафзолро пӯшид ва бо чеҳраи хандон ба пирамард нигариста пурсид:
-Шумо Худоед?
Пирамард дар ҷавоб табассум карда гуфт:
-Не бачаҷон, ман Худо нестам.
Писарак гуфт:
-Пас, шумо дӯсти Худоед. Ман дишаб фақат ба Худо гуфта будам, ки пойафзол надорам.
Ин қиссаи пандомезро ба он хотир овардем, ки бори дигар аз кори савоб будани некӣ кардан ба ятиму камбағалу бечорагон ёдрас шавем, зеро имрӯз дар ҳар сари қадам пири бе касу кӯй ва бевазани танҳову кӯдакони бесаробонро дучор омадан мумкин аст. Аслан гадоӣ хоси қавми лӯлист. Тоҷикон аз қадимулайём мардуми бо нангу ор буданд ва ҳеҷ гоҳ дасти тамаъ ҷониби касе дароз намекарданд. Пештар тоҷик аз гуруснагӣ мурад ҳам, гадоӣ намекард, вале акнун дар замони сериву пурӣ гадоҳои тоҷикро дар ҳар сари қадам во хӯрдан мумкин аст. Дар байни талбандаҳо кӯдакони хурдсол низ ҳастанд. Ин тифлакони бадбахтро кӣ ё чӣ ба гадоӣ маҷбур мекунад? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан, мо бо чанд гадо ҳамсуҳбат шудем.
Шодигул аз ноҳияи Панҷ аст. Шавҳараш Иброҳим “ту хушрӯй нестӣ, намехоҳам умрамро бо чунин зани бадрӯй хазон кунам” гӯён, зани дигар гирифта, Шодигулро бо 5 фарзандаш аз дар берун кардааст. Падару модари ин зани бадбахт кайҳо аз дунё гузаштаанду бародаронаш аробаи зиндагии худашонро базӯр мекашанд. Онҳо имкони ба Шодигул кӯмак расондан надоранд. Аз ҳамин сабаб вай ҳамроҳи кӯдаконаш рӯ ба гадоӣ овардааст. Шодигул се духтару ду писар дорад. Ду духтараш бояд имсол синфҳои 6-7 хонанд, вале ин наврасакон бо сабаби камбизоатӣ аз омӯхтани илму дониш дар канор мондаанд. Зимни суҳбат бо мо Шодигул Ҷобирова гуфт, ки ба хотири аз гуруснагӣ намурдани фарзандонаш маҷбур аст гадоӣ кунад, зеро на савод дорад, на ҷойи кор. Аз рӯйи гапи ин гадозан онҳо ҳатто ҷойи хоб надоранд ва шабҳоро дар куҷое, ки рост ояд, рӯз мекунанд, аммо ба хонаи хешу табор намераванд. Шодигул намехоҳад хешовандонаш бо таънаю маломаташон ба захми дилаш нохун зананд. Аз рӯйи шавҳараш ба ягон мақомот шикоят накардааст. Мегӯяд, ки падари фарзандонаш хоки ӯро дар як дам мебезад, агар ба суду прокурор арзу дод кунад.
Фотима Нарзиқулова ҷавонзани 36- сола аст, вале одами дидагӣ ӯро 50- сола гумон мекунад. Ин зани ҷафодида бо ду фарзанди хурдсол аз шавҳараш ҷудо шуда, имрӯзҳо дар назди бинои Цум гадоӣ мекунад. Вақте аз духтарчааш Аниса пурсидем, ки барои чӣ очаю дадаат аз ҳамдигар ҷудо шуданд, гиря карда гуфт, ки падару модараш ҳар рӯз ҷангу ҷанҷол мекарданд ва баъзан падараш дар сари қаҳр онҳоро баробари қадаш бардошта баъд ба замин мезад. Сабаби муноқишаҳои оилавӣ манзили зисташон будааст. Билохира шавҳараш Фотимаро талоқ дода, хонаро фурӯхта ба Русия рафтааст. Акнун ин зани бадбахт шабҳоро ҳамроҳи фарзандонаш дар як вагон рӯз карда, афсӯс мехӯрад, ки чаро ба Азамат ба шавҳар баромада, ҳаёташро бо дасти худ сӯхт.
Нилуфар ҳар субҳ писарчаи сесолаашро ба оғӯш гирифта ба гадоӣ мебарояд. Вақте аз ӯ сабаб пурсидем, оҳи сард кашида қисса кард: “Бародаронам ту кӯдаки ҳаромӣ зоида, моро шарманда кардӣ” гӯён, зада-зада аз дар берунам карданд. Падарам маро оқ кард. Дигар на ҷойи рафтан дораму на ягон одаме, ки дастамро бигирад. Гадоӣ накунам, аз гуруснагӣ мемурам....” Пурсидем, ки чаро аз гиребони падари фарзандаш гирифта талаб накардааст, ки онҳоро соҳибӣ кунад. Ҷавонзан оҳи сард кашида гуфт: “Забеҳуллои ҳамсояи холаам “ман туро ба занӣ мегирам” гуфта, бо фанду фиреб номуси маро доғдор кард. Вақте ҳомиладор шуда ба наздаш рафтам, доду фиғон бардошта гуфт, ки “бо як бор ҳамхоба шудан духтар ҳомиладор намешавад, ҳаромият аз ягон каси дигар аст”. Субҳи дигар фаҳмидам, ки номард гурехта ба Русия рафтааст. Дардамро ба кӣ гуфтанамро надониста аз янгаам мадад пурсидам, вале ӯ ба ҷойи ягон чора андешидан сирри маро фош карду ҳамон шаб аҳли оила маро бо сангу чӯб зада аз дар берун карданд. Дигар дар ин бора чизе гуфтан намехоҳам. Илтимос, маро ба ҳоли худам гузоред!”
Мехостем пурсем, ки “фарзандатро дар куҷо таваллуд кардӣ? Кӣ туро ба хонааш роҳ дод? Барои чӣ ба ягон марди занмурда ба шавҳар баромада аз пайи зиндагиат нашудӣ?” Боз саволҳои зиёде дар зеҳнамон буд, вале ба бари рӯяш шоридани оби дидагонашро мушоҳида намуда, дигар ба захми дилаш намак пошидан нахостем.
Сокина аз шаҳри Кӯлоб аст. Ӯ ҳар рӯзи ҷумъа ба назди масҷиди ҷомеъ, ки дар рӯ ба рӯи Текстил воқеъ гаштааст, омада бо умед даст сӯйи мардум дароз мекунад. Сокина низ ҳамқисмати Нилуфар аст. Дар 16-солагияш ҳомиладор шуда аз хонаи падар ронда шудааст. Фарзандаш аз кист, намедонад, чунки бозичаи дасти бачаҳои айшпараст буд. Сокинаро Иноят ном марди некхоҳ ба хонааш роҳ додааст, то дар кӯча намонад. Барои дарди сари мӯйсафед нашудан вай кӯдакашро бардошта ба гадоӣ меояд, то ақаллан як пора нон ёбад.
Майсара Хоҷаева дар назди бозори Саховат гадоӣ мекунад. Вай бо ду фарзанд аз шавҳараш ҷудо шуда, дар ба дар шуда мондааст. Ба гуфти худи Майсара шавҳараш дар Русия зани дигар гирифта аз баҳри ваю фарзандонаш гузаштааст. Онҳо дар хонаи иҷора зиндагӣ мекардаанду баъди он ки шавҳараш зани дигар гирифта, пул фиристоданро бас мекунад, соҳибхона Майсараю бачаҳояшро аз дар берун мекунад. Акнун ин зани берӯзӣ бо нони талбандагӣ зиндагиашро бо як азоб пеш мебарад. Вақти хайрухуш ин гадозан озурдахотирона гуфт: “Додар, аз навиштани шумо чӣ фоида, беҳтараш 1-сомонӣ хайр мекардед!”
Ба ҳоли зори тифлаконаш раҳмамон омаду каме маблағро наздашон гузошта, бо дили ҳазин аз онҳо дур шудем.
Талбакро роҳгузарон чунин ном гузоштанд, зеро номи аслии ин писарчаи гунгро касе намедонад. Ҳар субҳ дар гузаргоҳи Донишгоҳи миллӣ ин писарбачаро дидан мумкин аст. Дар гарданаш навиштаҷоти “Падар надорам, модарам бемори вазнин аст, илтимос, ба ман кӯмак кунед” овезон аст. Кӯдаки бечора забони гӯё надорад, вале аз паси ҳар як роҳгузар давида, аз лаби куртаву костюми одамон мекашад ва гарданашро имдодҷӯёна каҷ мекунад. Ин рафтораш маънои “садақа диҳед”-ро дорад.
Гадоҳое, ки саргузашташонро бароятон қисса кардем, ҳамватанони мову шумоянд. Дар ҷомеаи мо афроди сарватманд кам нестанд, агар онҳо ба шахсони ниёзманду нодор дасти кӯмак дароз мекарданд, сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфта, шумораи талбандаҳо хеле кам мешуд.
Р/С
Хонандагони азиз, назари дигар дошта бошед, нависед, мо андешаҳои шуморо дар саҳифаи ҳафтанома ҷой медиҳем.