Ман як зани муҳоҷир мехоҳам ҳодисаи чанде пеш аз сарам гузаштаро ба шумо нақл карда, ба занҳое, ки нияти ба муҳоҷирати меҳнатӣ омадан доранд, чанд маслиҳати дӯстона диҳам.
Гулбону ном дорам ва қариб як сол боз дар Русия зиндагӣ мекунам. Ҳамагӣ ду ҳафта пас аз тӯйи арӯсиамон тӯри арӯсӣ дар сар ҳамроҳи шавҳарам ба шаҳри Красноярск мада будам. Ҳарду дар як тарабхона ба кор даромадем ва то имрӯз дар ҳамин ҷо заҳмат кашида истодаем. Азбаски хӯрду хӯрокамон аз ҳисоби тарабхонаю ҷойи хобамон ҳам дар ҳамин ҷо аст, аз маошамон ягон тинашро сарф накарда, пуламонро ҷамъ мекунем, то ки ду-се сол пас ба Ватан баргашта хона харем.
Корамон душвор бошад ҳам, даромади хуб дорад ва мо аз он ки ба Русия омадем, ягон зарра пушаймон нестем, вале...
Мадина ном дугонаи ба қавле ҷамолакӣ доштам. Мо дар як синф мехондем ва мисли апаву хоҳар будем. Мадина пеш аз ман ба шавҳар баромада бошад ҳам, бахташ омад накарда, бо як фарзанд аз шавҳараш ҷудо шуд. Вақте фаҳмид, ки дар Русия кору бори ман хуб аст, зориву тавалло кард, ки барои вай ҳам дар ин ҷо ягон кори нағз ёбам. Бо розигии шавҳарам барояш пули чиптаи ҳавопаймо фиристодам ва Мадина ба назди мо ба Красноярск омад. Азбаски дар тарабхонаи мо ҷойи холӣ набуд, дугонаамро дар як тарабхонаи дигар, ки дар наздикиамон буд, ба кор мондем. Дилам пур буд, ки аз таҳти дил кор карда, бо меҳнати ҳалол пул ҷамъ мекунад ва зиндагиашро обод месозад, вале хаёлам хом баромад. Мадина қариб ҳар ҳафта бо ягон баҳона аз ман пул мегирифту нопадид мешуд. Ҳамкоронаш шиквакунон мегуфтанд, ки одами ёфтаам дарди сарашон шудааст, мудом ягон баҳона ёфта, аз кор мегурезад. Метарсидам, ки мабодо ба ягон кори бад даст зада, сари маро дар назди шавҳарам паст накунад...
Бадбахтона омад ба сарам аз он чӣ метарсидам, дугонаи бадахлоқам бар ивази пул бо мардони занбоз мегаштааст. Шавҳарам аз забони мардони муҳоҷире, ки дар ин шаҳр кор мекунанд, қиссаи тарпочагии дугонаамро шунида ҳар рӯз бо ман ҷанҷол мекард, ки як фоҳишаро оварда, маро шармандаи дӯсту душман кардӣ. Хонавайрон нашавам гуфта аз дугонаам хоҳиш кардам, ки дигар ба хонаи ман наояд. Ранҷида баромада рафту бо ҳамин қариб як моҳ аз ӯ дарак нашуд. Хурсанд шудам, ки ҷонам аз як дарди сари зиёдатӣ халос шуд, вале чанд рӯз пеш хабар расид, ки дугонаамро кормандони пулис дастгир карда, барои фоҳишагӣ ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Аз рӯйи дугонаи сабукпоям дар назди мардуми рус «пазор» шуданам кам буд, ки боз хешу табораш аз ман домангир шудаанд, ки Мадинаро ба Русия даъват ба доми бало гирифтор намудам.
Солҳои охир иддае аз занону духтарони тоҷик низ дар қатори мардон миёнашонро маҳкам баста азми ба Русия мардикорӣ рафтан мекунанд. Аксари онҳо гумон мекунанд, ки дар Русия пулёбӣ осон аст, аммо дар асл чунин нест. Нони Русия бо меҳнати сангин ба даст меояд ва баъзан мо то 12-13 соат ба по рост истода, кор мекунем. Вақте ки кас азми дар Русия кор кардан мекунад, бояд ба душвориҳои мулки ғурбат тайёр бошад ва ба ҳамааш тоқат кунад, аммо қисме аз бонувони муҳоҷир ба мисли дугонаи ман баъди ба Русия омадан ба мушкилиҳо тоб наоварда, ба роҳи бад мераванд ва натанҳо худашон, балки миллатро низ шарманда мекунанд. Аз ҳамин хотир ба тамоми занону духтарони тоҷик гуфтаниям, ки қабл аз сафар ба Русия нағзакак фикр кунед, ки оё шумо тобу тоқати таҳаммули душвориҳои мулки бегонаро доред. Иродаи қавӣ ва сабту тоқати кори вазнин ва душвориҳои мулки русро надошта бошед, беҳтараш аз сафар ба Русия худдорӣ намоед, чунки ҳар як амали ноҷое, ки зани муҳоҷир мекунад, боиси бадномии миллат мегардад.
Гулбону аз Красноярск