arzon replenishment
Зӯроварӣ нисбат ба кӯдак ҷавобгарӣ дорад?
1012

 

Оё яке аз волидайн ҳақ дорад, ки зимни тарбияи кӯдак усулҳои бераҳмиро истифода намоянд? Зеро қариб ҳар рӯз навори латукӯби фарзандони ноболиғ аз ҷониби падар ё модар нашр мешава.

Юсуф, ш. Душанбе

 

Мувофиқи талаботи қонун, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар набояд бар хилофи манфиатҳои фарзандон татбиқ шаванд. Таъмини манфиатҳои фарзандон бояд мавзӯи асосии ғамхории падару модар бошад.

Ҳангоми истифодаи ҳуқуқи падару модар он набояд ба саломатии ҷисмонию рӯҳии кӯдак ва такомули маънавии ӯ зарар расонанд. Усулҳои тарбияи кӯдакон бояд ба муомилаи бераҳмона, дағалона ва пасткунандаи шаъни инсонии кӯдак ё сӯиистифода ва истисмори кӯдакро аз ҷониби падару модар истисно кунанд.

Падару модаре, ки ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро бар зарари ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак татбиқ менамоянд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Истифодаи ҳама гуна намуди зӯроварӣ нисбати кӯдак боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад. Дар мавриди бо ҳолатҳои зӯроварӣ рӯ ба рӯ гардидани кӯдакон, мақомоти васоят ва парасторӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва прокуратура чораҳои қонунӣ татбиқ менамоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД