Четумал яке аз зиндонҳои мутамаддин дар Мексика аст, ки дар он маҳбусон ба бозомӯзии пайваста фаро гирифта мешаванд.
Дар баробари ин, миёни маҳкумшудаҳо мусобиқа оид ба бокс ба роҳ монда мешавад. Ҳарчанд дар ин муассисаи ислоҳӣ ҷинояткорони ашаддӣ ё хатарнок, аз ҷумла ғоратгарону нашъаҷаллобон, адои ҷазо мекунанд, вале дар зарфи 10 соли охир, ягон ҳодисаи зӯроварӣ нисбат ба якдигар сабт нашудааст.
Илова ба чорабиниҳои маърифатӣ-фарҳангӣ, зиндониёни ин маҳбас ба истеҳсоли молҳои гуногун ҷалб гардида, ҳар як маҳбус имкон дорад, дар ҳуҷраи сукунатии худ телевизиору радио ва дигар воситаҳои пахши мусиқӣ дошта бошад.