Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, сарвазири Қирғизистон дирӯз бегоҳ ба истеъфо рафт. Дар ин бора маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон хабар дод.
Дар муроҷиаташ сарвазир сабаби аз кор рафтанашро вазъи номуайяни пешомада дар робита ба шуруъи тафтиши фурӯши радиобасомадҳо гуфтааст. Ба гуфти Абилғозиев ӯ намехоҳад, ки ба рафти ин тафтишот монеа эҷод кунад ва сабаби муноқишаҳо дар фаъолияти ҳукуматати кишвараш шавад.
Сарвазир инчунин гуфтааст, ки, дар фурӯши басомадҳои радиоӣ даст надорад ва ҳамаи он айбҳоеро, ки нисбаташ эълон кардаанд, беасосанд. Ба қавли ӯ мақомоти тафтишотӣ то имрӯз ӯро бозпурсӣ накардаанд.
Ёдовар мешавем, ки сарвазири Қирғизистон рӯзи 27 май дар пайи ҷанҷоли фурӯши радиобасомадҳо бо арзиши ночиз ба рухсатии кутоҳмуддат баромада буд. Вай гуфт, ҳадаф аз ин рухсат "роҳ надодан ба овозаҳое дар бораи фишор овардани сарвазир ба ҷараёни тафтишот ва таъмини шаффофияти тафтишот аст". Айни ҳол муовин ӯ Қубодбек Боронов фаъолияти ҳукумати Қирғизистонро роҳбарӣ мекунад.
Муҳаммадқулӣ Абилғозиев 20 апрели соли 2018 сарвазир таъйин шуда буд. Таҳти роҳбарии вай 30-умин ҳукумати Қирғизистон ба фаъолият шуруъ кард. Вакилони порлумони Қирғизистон чанде пеш, ки ҳисоботи соли 2019-и ҳукуматро баррасӣ мекарданд, гуфтанд, Абилғозиев аз шумори маҳдуди сарвазироне аст, ки умри ҳукуматаш бештар аз ду сол давом овардааст.
Абилғозиев Муҳаммадқулӣ Дуйшекеевич 20 январи соли 1968 дар. Дон-Алиши шаҳри Кочкори вилояти Норин таваллуд шудааст. Солҳои 2016 - 2017 муовини аввали сарвазири Қирғизисто ва дертар Мушовири Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон таъин гардидааст.
То омаданаш ба мансаби сарвазирӣ ӯ аз 16 марти соли 2018 роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон буд ва аз 20 апрели соли 2018 ҳамчун сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон таъин гардидааст. Ӯ дар ин мансаб Сапар Исаков иваз кард ва то имрӯз роҳбарии ҳукумати иҷроияи ин кишварро бар уҳда дошт.
Айни ҳол, тафтиши айбҳои ӯ идома дорад ва то ҳол аз рафти он чизе маълум нест.