Arzon New
ЗИНДАГИИ ОИЛАИ МАЪЮБ ДАР БАЙНИ ОҲАНПОРАҲО (ВИДЕО)
06.01.2021
Р. Азимӣ
2192
ЗИНДАГИИ ОИЛАИ МАЪЮБ ДАР БАЙНИ ОҲАНПОРАҲО (ВИДЕО)

 

Розия Боронава солиёни зиёд аст, ки бо шавҳари маъюб ва фарзандони хору зораш дар каравулхонаи яке аз корхонахои коркарди оҳанпора умр ба сар мебарад. Ҳарду пойи шавҳараш маъюб буда,бо чигас базӯр роҳ мегардад. Ин марди дардманд ба сифати дарбон дар корхонаи мазкур кор карда, бо азобҳои зиёд барои зану фарзандонаш як пора нон меёбад.
Ронандагоне, ки ба ин даргоҳ корафтода мешаванд, баъзан аз рӯйи раҳму шафқат ба дарбони маъюб як ё ду сомонӣ медиҳанд. Ҳамин тавр шавҳари Розия дар як рӯз аз 5 то 10 сомонӣ пул кор мекунад, вале магар бо чунин маблағи ночиз зиндагиро пеш бурда мешавад?


Рӯзи сиёҳи падару модараш ба тақдири духтари Розия Боронова-Муниса низ бе таъсир намонда,боиси бадбахтиаш гашт. Хусуру хушдоманаш бо баҳонаи он ки волидонаш камбағалу пойлуч ҳастанд ва барояш ҷиҳози дуруст нахаридаанд, Мунисаи арӯсакро аз хона пеш карданд.

Шавҳари Розия Боронова борҳо ба идораҳои дахлдор муроҷиат намуда бошад ҳам, касе то ба имрӯз ба додаш нарасидааст. Ин марди маъюб намедонад сарашро боз ба кадом дар занад ва аз кӣ мадад пурсад.

Азоби бехонагию дар ба дарию камбағалӣ ба саломатии Розия Боронова бе таъсир намонда, ба касалии дил гирифтор гаштааст. Умедворем, ки шахсони хайрхоҳ ба ин зани дардманд ва шавҳари маъюбу фарзандони хору зораш дасти мадад дароз намуда,дар ҳалли мушкилотои зиндагии ин оилаи ниёзманд саҳми худро мегузоранд.

Барои кӯмак кардан ба рақамҳои зерин занг занед: 988-00-58-41, 904-05-29-26 ё ба рақами корти бонкии Розия Боронова 5058270420136847 (Бонки эсхата) хайрияи худро гузаронед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Берлин 2021-01-10, 23:29
РАХМАТ АКАИ РУСТАМЧОН ШУМО КОРИ ХУБ КАРДА ИСТОДАЕД
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Берлин 2021-01-10, 23:29
РАХМАТ АКАИ РУСТАМЧОН ШУМО КОРИ ХУБ КАРДА ИСТОДАЕД
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД