Бачагӣ аз мо буду…
Шамсия дар оила нахустфарзанд буду волидони ҷавонаш ўро баробари ҷонашон дўст медоштанд. Падараш дар хонаи бачаҳо тарбия ёфта, ба Донишгоҳи тиббӣ дохил мешавад ва ҳамон ҷо ба модараш дил мебандад…
Норозигии хешу табор ва бародару модар низ муҳаббати ин ҷавони ятимро аз дили Сафина бадар карда наметавонаду ў ба ҳама монеаҳои дар роҳи ишқашон пайдо гардида нигоҳ накарда, бо Ашраф хонадор мешавад. Ҷуфти ҷавонро барои кор ба яке аз ноҳияҳои кўҳистони кишвар мефиристанду дар ҳамон ҷо нахустфарзандашон Шамсия ба олам меояд. Пас аз тавлиди духтарчаи заркокулашон бародару модари Сафина бо онҳо оштӣ мешаванду рафтуомад байни эшон барқарор мегардад.
Ашрафу Сафина худро хушбахттарин ҷуфти сайёра медонистанд, ба ҷавонияшон нигоҳ накарда, соҳиби хонаю дар, оилаи обод, фарзанди дўстрўяку солим ва мақоми шоиста дар ҷомеа буданд. Вале ин фалаки каҷрафтор ҳаргиз ба дили инсонҳо кор накардаасту намекунад.
Шамсия чор сол дошту дарахти қомати модари соҳибҷамолу ҷавонаш айни гул кардан, ки фалокате ўро абадан аз падару модараш ҷудо кард. Модари Сафина - холаи Сафия ба хабаргирии духтараш ба ноҳия рафта, фаҳмид, ки ў боз ҳомиладор шудаасту сарторикӣ азобаш медиҳад. Бибии меҳрубон Шамсияро ҳамроҳаш ба шаҳр овард, то духтаракаш каме дам гирад.
- Оча, Шамсия ба мо халал намерасонад,- мегуфт Ашраф, ки ҳаргиз намехост духтараки ширингуфтораш лаҳзае аз онҳо дур бошад, вале модар “азоби сарторикиро ман медонам” гўён, шӯхӣ карду Шамсияро ҳамроҳаш ба шаҳр бурд. Ашраф вақте хушдоманашро бо Шамсия ба мошин мешинонд, аз мавҷи мўйҳои ҷингила ва ширбўи духтаракаш бўсида, бехи гўшаш пичиррос зад:
- Ту бибиятро ғам надеҳ, пас аз даҳ рўз ман албатта рафта, туро меорам!
Фалокати хунин
Холаи Сафия хеле ҷавон бева монду дигар ёди шавҳар накарда, духтараш Сафина ва писараш Сафдарҷонро ба воя расонид. Сафдар низ мисли апааш духтур шуданӣ буду дар курси охири Донишгоҳи тиббӣ мехонд, модар ба хотири дасттанҳоӣ накашидан писари ягонаашро зан дод. Келинаш Азиза ба бахти хушдоман арўси хубу хизматгор баромад, ў дар мактаби наздикии хонаашон ба шогирдон аз забони русӣ дарс мегуфту ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, кору бори рўзгорро хуб уҳда мекард. Сафдар низ ғайри хондан дар беморхонае ифои вазифа намуда, зиндагии пайвандонашро таъмин менамуд. Хулоса, зиндагии хубе доштанд аҳли ин оилаи бофарҳангу маданӣ.
Сафдару Азиза, ки ҳоло фарзанд надоштанд, меҳмони хурдакаки худро бо сад таманно пешвоз гирифта, меҳрубониро барояш арзонӣ медоштанд. Бо омадани Шамсия дар хонадони бибӣ ид баргузор гашт, вале ин шодиро ба зудӣ абри сиёҳи фалокати хунин аз байн бурд.
Як шоми сарду боронии кўҳистон ба беморхонаи марказии ноҳияе, ки он ҷо Сафинаю Ашраф кор мекарданд, марде аз деҳаи дар болои кўҳ воқеъ омада гуфт, ки занеро дарди таваллуд гирифтаасту се шабу се рўз боз азоб мекашад.
- Ҳамшираи бунгоҳи тиббии деҳа коре карда натавонист,- маҳзун пичиррос зад мард. Худи ҳамон лаҳза бо мошини кўҳгарди марди қосид, Сафина, ки ягона духтури маълумоти олидори занона дар ноҳия ҳисоб мерафт, ба сўи деҳаи дурдасти кўҳӣ раҳсипор шуд. Ин гуна ҳолатҳо дар зиндагии эшон зиёд рўй медоданду Ашраф ҳангоми ба сафари хизматӣ рафтани занаш духтаракашонро нигаҳбон мешуд, ҳоло ки Шамсия дар хонаи бибияш буд, Ашраф ҳамроҳи занаш рафт. Хушбахтона, зан сиҳату саломат писараки зебоеро ба дунё овард ва субҳи барвақт аҳли деҳа духтури наҷотбахшро бо савғоҳои зиёд ба ноҳия гусел карданд, вале зану шавҳари ҷавон ба макони худ нарасиданд. Мошине, ки онҳоро ба ноҳия меовард, аз шахе парида, ба ҷуқурӣ зад ва дар ин фалокати хунин ронанда бо мусофирони худ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Нисо ХОЛИД