Салом ба аҳли қалам ва муштариёни ҳафтавори дӯстдоштаам «Оила». Ин номаро аз беморхона менависам, ду моҳ боз ранҷ мекашам, бемории қанд азиятам медиҳад. Бовар кунед, аз ҷони ширинам безор шудаам, аммо андешаи ояндаи духтаракам маро ба табобат водор мекунад.
Духтарам донишҷӯ аст, мехоҳам ақаллан ӯро хонадор кунам, кош дар насиби духтарам марде бошад, ки ӯро хушбахту хушрӯз кунад. Медонам, хуб медонам, ки қиссаи зиндагии худро расонаӣ кардан кори хуб нест, аммо ба ман муҳим холӣ кардани дилам аст, диле, ки аз ҷабри зиндагӣ косаи зардоб шудааст.
Духтари профессор
Ман дар шаҳр ба дунё омадаам, падарам олими машҳури соҳаи худашон буданд, модарам муаллима, ки солҳои дароз дар корҳои роҳбарии соҳаи маориф кор кардаанд. Мо дар оила ду духтар будем, апаам дар риштаи иқтисод донишҷӯ шуд, ман бошам, журналист шудан мехостам. Қалами хуб, ки доштам, падарам дуо доданд, мактабро хатм карда, ба донишгоҳ дохил шудам. Хуб мехондам, одобу ахлоқам ҳам хуб буд, кӯшиш мекардам, ки ягон амали нохубе накунам, ки боиси рехтани обрӯи падару модарам гардад. Падарам ҳамеша таъкид мекарданд, ки гелосакҳои ман, нашаваду маро бо ягон кирдори бадатон шарманда кундед. Дар куҷое бошед, аз ёд набароред, ки фарзандони кӣ ҳастед, шуморо бояд обрӯи ман тарбия кунад. Ман хеле замонавӣ либос мепӯшидам, ороиши мӯю рӯям ҳам мувофиқи мӯди охирин буд. Қоматбаланд, сафедандом, мӯйҳои зарду чашмони кабуд доштам, ки маро бештар ба русҳо монанд мекард. Хушдорҳои зиёде доштам, вале касе наметавонист диламро ба даст биёрад, ба нуздаҳ қадам монда бошам ҳам, чӣ будани ишқро намедонистам. Ба ҷавонони ошиқ ва духтарони мубтало бо назари ҳайрат менигаристам, ки наход як нафари бегонаро ин қадар девонавор дӯст дорӣ?! Дар бораи достонҳои ошиқона ҳам фикру ақидаи худамро доштам, ҳайрон мешудам, ки чаро Маҷнун рӯ ба биёбон овардаву Фарҳод бо тешааш худро кушт? Наход ишқ ин қадар панҷаҳои мустаҳкам дошта бошад? Дар дил азм мекардам, ки ҳаргиз ошиқ намешавам, аммо…
Ишқи бачаи қишлоқӣ
Дар донишгоҳамон ҷашне шуду маро баранда интихоб карданд. Ман курси сеюм мехондам ва ҳамроҳам як ҷавон барандагӣ мекард, ки дар курси панҷум мехонд. Яҳё бачаи қоматбаланди зебо, мисли ман мӯйҳои зарди тиллоранг ва чашмони кабуди обӣ дошт. Вақте мо барномаро мебурдем, ҳама байни худ мегуфтанд, ки ин қадар ҷуфти зебои ба ҳам муносиб. Ҳатто ректори донишгоҳ баъди хатми чорабинӣ моро таъриф кард, ки ин қадар ҷавонони зебову доно. Бо Яҳё шинос шудем ва оҳиста-оҳиста ин шиносоӣ ба ишқи бузурге мубаддал гашт. Акнун ман мефаҳмидам, азоби Лайлову Ширину Вомиқу Узроро, Яҳё ҳам маро дӯст медошт, вале ҳамеша як гапро такрор мекард, ки оё падари номдори ту духтарашро ба як қишлоқии пойлуч медода бошад? Ман Яҳёро хотирҷамъ мекардам, ки падари ман номи баланд дорад, вале хеле хоксору самимӣ аст ва ҳеҷ гоҳ байни инсонҳо фарқ намегузорад. Масалан, апаамро ба як шогирди худаш, ки аз қишлоқ аст, хонадор намуда, барояшон дар паҳлӯи хонаи худамон хона гирифта дод. Язнаам зуд-зуд пеши падарам меомад ва бо апаам дӯст буданд, ӯ худаш шарм дошта, волидонашро ба назди падарам фиристод ва ӯ аз апаам ризоияташро пурсида, ба онҳо дуо дод. Ҳоло язнаам бо падарам дар як ҷо кор мекунанд, мисли писарашон. Яҳё баъди хатми донишгоҳ ба радио ба кор даромад ва хостгоронашро ба хонаи мо равон кард, падарам бо Яҳё сӯҳбат карду аз ман пурсид, ки ҳамин бачаро хуб мешиносӣ ва ба вай бовар дорӣ? Ман бале гуфтам ва тӯйи мо баргузор гардид. Мо аввал дар хобгоҳ зиндагӣ мекардем, баъдтар падарам барои мо хонаи якҳуҷрагие харида, тӯҳфа карданд…
Нодида диду…
Яҳё аз оили хеле камбағал буд, падару модараш деҳқон буданд ва даҳ нафар фарзанд доштанд. Ҳама бародарони Яҳё ба деҳқонӣ машғул буданду апаву хоҳаронаш низ дар ҳамон қишлоқ шавҳар карда, зиндагӣ доштанд, Яҳё бо ёрии як муаллимашон ба донишгоҳ дохил шуда буд. Дар радио шавҳарам бо як ҳофизаи машҳур шинос шуда, акнун ҳамроҳи ӯ барандагӣ мекард. Оҳиста-оҳиста соҳиби пулу мошину шуд, аммо дар фикри кушод кардани хонаамон набуд. Ман духтарча таваллуд кардаму дар пеши шавҳарам шарт гузоштам, ки дигар сарфи беҳуда накарда, каме пул ҷамъ кунад то хонаамонро кушод кунем. Аммо Яҳё имрӯзу фардо карда, зуд-зуд ба хориҷа дамгирӣ мерафт. Кораш фақат мисли занҳо орову торои худаш буд, метарсидам, ки аз кирдори ӯ ба падарам шикоят кунам, зеро назди он кас бо боварӣ гуфта будам, ки Яҳё ҷавони хуб аст. Дар ин миён язнаамро барои коромӯзӣ ба хориҷа даъват карданду ӯ апааму писаронашро бо худ бурд, дигар падару модарам ба ману духтарчаам рӯй оварда буданд. Дер омадану ҳафтаҳо гум шудани шавҳарам падару модарамро ба ташвиш меовард, вале Яҳё парво надошт.
Ӯ дигар он Яҳёи ошиқу содиқ набуд, баъдҳо овозаҳое паҳн шуданд, ки ҳамон ҳофизаи пир, ки аз шавҳари ман бисту панҷ сол калон буд, зани ӯ шудааст. Ман аз сард шудани муносибатҳои шавҳарам мефаҳмидам, ки миёни мо зани бегонае пайдо шудааст, аммо ҳеҷ гумон надоштам, ки ҳамон ҳофиза аст. Ростӣ, дилам аз ҳамсарам сард шуда буд ва аз ӯ ҳатто дар ин бора чизе намепурсидам…
Давом дорад