Имрӯз, 19-уми май дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон (18-21-уми май) дар Осорхонаи миллии санъати тасвирии Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи Г. Айтиев намоишгоҳи санъати тасвирии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Зебоии Тоҷикистон - мерос барои оянда» ифтитоҳ гардид.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар намоишгоҳ осори ҳунармандони маъруфи санъати тасвирии тоҷик, инчунин рассомони ҷавон ба маъраз гузошта шудааст. Дар намоишгоҳ мақомоти давлатӣ, ҳайати дипломатӣ, ходимони фарҳанг ва санъат, рассомон, намояндагони зиёиёни эҷодӣ ва илмии ду давлат, сокинон ва меҳмонони шаҳри Бишкек иштирок намудаанд.
- Ба таваҷҷуҳи меҳмонон маҷмуаи нодири асарҳои рассомӣ ва графикӣ пешниҳод карда шуд, ки зебоии табиати Тоҷикистон, ғановати анъанаҳои миллӣ, фалсафаи Шарқ ва диди муосири ҳунарии ҷаҳонро таҷассум менамоянд,- меафзояд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки аз 18 то 21-уми майи соли 2026 дар Ҷумҳурии Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Барномаи чорабиниҳо намояндагони соҳаҳои фарҳанг, санъат, адабиёт ва синаморо ба ҳам оварда, барои табодули фарҳангӣ ва муколамаи созандаи эҷодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.