sebiston july new
ЗАРРИНА САФАРОВА: УМЕДВОРАМ, КИ ИН ОХИРИН НИЗОЪ ДАР МАРЗ БУД
2657

Онҳо ҳатман бояд издивоҷ кунанд. Ин тасмимест, ки волидонашон пеш аз таваллуд шуданашон гирифтанд. “Агар духтару писар ба дунё оянд, оиладор мешаванд”, сари дастархон аҳд бастанд падарон - Балаҷон Гиясови қирғиз аз деҳаи Майдонтераки ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) ва дӯсташ Сайидамир Сафаров, сокини шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор.

Он замон занони онҳо ҳомиладор буданд ва интизор мерафт, ки тақрибан дар як вақт таваллуд мекунанд. Ин рӯйдод соли 1975 буд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Далеру Заррина дар маконҳои гуногун ба дунё омада, дар шаҳрҳои гуногун ба воя расида, боре ҳам вонахӯрда буданд.

“Аслан, ман арӯсро танҳо дар рӯзи тӯй дидам, аммо аз рӯзи аввал ситораҳои мо мувофиқ омаданд. Хушбахтона, мо се духтар, як писар ва чор набера дорем”, - гуфт Далер дар суҳбати рӯбарӯ бо “Оила”.

Далер журналист буда, дар маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” ба ҳайси хабарнигор дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт кор мекунад. Ӯ солҳои 2005-2010 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Лахш аз деҳаи Қазақтар буд. Аксарияти сокинони ин деҳа қирғизтаборҳо буда, Далер дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз манофеи онҳо ҳимоят мекард. Маҳз дар ҳамин вақт бо ҷидду ҷаҳди ӯ бисёр масъалаҳои асосии деҳа, чун таъмири роҳҳо, ташкили нақлиёт, таъмири мактаби деҳа ва ғайра ҳал карда шуданд.

“Мо аз хурдӣ бо қирғизҳо зиндагӣ мекардем. Қирғизҳои бумии ноҳияи Ҷиргатол, ки ба водии Ҳисор муҳоҷират карда, дар кӯчаи Манаси шаҳраки Шарора зиндагӣ мекарданд, ҳамсояҳои мо буданд. Занам қирғиз аст ва ман ин забонро аз хурдӣ медонам. Аз ин рӯ, аҳолии деҳа маро намояндаи худ интихоб карданд ва ман вазифаи намояндаи онҳоро сарбаландона ба ҷо овардам”, - гуфт Далер бо чашмони дурахшанда.

 

Зани қирғизаш Заррина хонашин аст. Тавре ки Далер гуфт, Заррина ошпази бомаҳорат аст ва дар ошхона ба тайёр кардани таомҳои қирғизӣ бартарӣ медиҳад. Ҳарчанд, ӯ тамоми таомҳои миллии тоҷикиро болаззат мепазад, аммо мисли шавҳараш хӯрокҳои қирғизӣ, бахусус бешбармоқро зиёд дӯст медорад. Дӯстону наздикони Далер низ зуд-зуд барои хӯрдани таомҳои болаззати қирғизӣ ба меҳмонии онҳо меоянд.

Заррина гуфт, бешбармоқ як навъи ғизои миллии қазоқу қирғиз аст, ки аз хамир ва гӯшти обҷӯш омода мешавад. Номи он аз ду калима иборат аст: «панҷ» ва «ангушт». Ин ном аз он бармеояд, ки сокинон ин ғизоро бо дастони худ мехӯранд. Барои тайёр кардани бешбармоқ гӯшт, орд, пиёз ва тухм лозим аст ва он яке аз хӯрокҳои зудпаз мебошад...

Ҳама чиз ором буд. Далеру Заррина дар иҳотаи чаҳор фарзанду наберагонашон осоишта зиндагӣ мекарданд, агар даргириҳои мусаллаҳона дар соли 2021 сар зада, соли 2022 такрор намешуд. Пеш аз он ки дуди тирпарронӣ тоза шавад, маълум шуд, ки Далеру Заррина ба мисли Ромео ва Ҷулетта, фарзандони миллатҳоеанд, ки ишқашон аз душманӣ қавитар буд.

Далер гуфт, ҳар вақте ки хабари муноқишаи марзиро бо қирғизҳо мешунид, ошуфта мегардид, вале кӯшиш мекард, ки завҷааш аз ин огоҳ нагардад. Дар шабу рӯзи низои охирин ҳам кӯшиш кард, ки ҳамсараш аз хунрезиҳои 28-29 апрели соли 2021 дар марзи Исфара хабардор нашавад. Бинобар ин, ӯ самти мавҷгири телевизиони хонаашро махсус дигар кард, ки Заррина аз телевизион дар ин бора нашунавад.

“Вақте писарам Расулҷон аз вайрон шудани телевизиори хонаамон хабар дод, ба ӯ гуфтам, ки аз шамол антенна вайрон шудааст ва рӯзи истироҳат онро соз мекунам. Вале ҳамон бегоҳ аз кор баргашта, дидам, ки занак зиқ аст. Ӯ шикоят кард, ки дар Исфара ҷанг будаасту ман ба ӯ чизе нагуфтам. Пурсид, ки оянда чӣ мешавад, чунки писарамон калон шуда истодааст. Вале ман гуфтам, ки ҳамааш хубу муноқиша тамом мешавад. Ман ҳайрон шудам, ки шояд ҳамсояҳо ягон чиз гуфтаанд, вале ӯ гуфт, ҳамсояҳоямон одамони хубанд, баръакс ӯро дастгирӣ карданд”, - гуфт Далер.

Заррина ногаҳон - айнан ҳамон бегоҳ, дар бораи низоъ фаҳмид. Дар баробари ин, вай мисли пештара дар хонааш зиста, нигоҳубини шавҳару фарзандон ва пӯхтани таомҳои болаззатро идома дод...

Бо вуҷуди ин, вай нисбат ба худ ҳеҷ гуна адоватро ҳис намекард. Заррина мегӯяд, ки ҳангоми муноқишаҳо шавҳараш ӯро бисёр дастгирӣ кард ва нагузошт, ки руҳафтодагӣ ӯро шиканад. Маҳз пуштибонии шавҳару фарзандонаш ӯро водор мекунад, ки дар бораи мушкилиҳо камтар андеша кунад ва умедвор аст, ки ба зудӣ марзҳо боз мешаванду дубора бо хешовандонаш дар Қирғизистон мулоқот хоҳанд кард.

“Албатта, мо умедворем, ки ин масъалаҳо ба зудӣ ҳалли худро меёбанд. Мо аз қадимулайём ҳамсоя будем ва дар тӯли солҳои зиёд ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Қирғизистон узви як оила шудем. Мо бесаброна интизори вохӯрӣ бо хешовандон ҳастем. Умедворам, ки ин охирин низоъ дар марз буд”, - гуфт Заррина дар сӯҳбат бо “Оила”.

Далер афзуд, ки ҳамсояҳо ба ҳамсараш бовар мекунанд ва аксар вақт фарзандонашонро дар назди ӯ мегузоранд, махсусан вақте ки онҳо ба аёдати хешовандонашон чанд рӯз ба меҳмонӣ мераванд.

“Ҳамсари маро бегона намеҳисобанд. Дар тамоми маракаҳои мардуми деҳа дар сари дег маҳз ӯро мегузоранд. Агар ҷое раванд, кӯдаконашонро ба ӯ гузошта, мераванд. Ин натиҷаи боварӣ аст”, - гуфт Далер.

Зарина дар суҳбат бо “Оила” гуфт, низоъҳо ба ӯ бештар таъсири равонӣ доштанд, чун худашон дар маркази он қарор надоранд, вале бештар барои наздиконаш ғам мехӯрд.

“Азбаски хоҳару додар ва амаку холаҳоям дар Қирғизистон зиндагӣ мекунанд, асосан дар бораи онҳо фикр мекунам. Мепурсам, ки дар оянда муносибатҳо чӣ гуна мешуда бошанд”, - гуфт ӯ.

Ба баёни Заррина, баъди баста шудани марзҳо ҳам робитаи ӯ бо хешовандонаш қатъ нашуд ва ҳарчанд суҳбатҳои ҳузурӣ надоштанд, вале тариқи телефон суҳбат мекарданду ба воситаи чатҳо ҳамдигарро мебинанд. Бори охир аз наздик бо духтари амакаш дидор дошт, ки барои таъзия ба Лахш омада буд.

“Ду писари амакам пайи ҳам аз олам даргузаштанд. Духтари амакам, ки мо он касро апа мегӯем, барои гузаштани марзу иштирок дар мусибат ба мақомоти Қирғизистон дархост дод. Ҳуҷҷатҳояшро тахт карду ба Душанбе омад ва ба Лахш барои таъзия рафт. Дар муҳлати муқарраршуда ба Қирғизистон баргашт”, - гуфт ӯ.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД