Sebiston new 2024 october
ЗАРРИНА: ДИГАР БА ҚИШЛОҚИ БАДБӮЯТОН НАМЕРАВАМ, МАРДАК!
14.05.2021
ОИЛА
3964

 Ман дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе ба воя расида, чунон эркаву нозпарвард будам, ки дар 18 соли дар хонаи падар зистанам дастамро ба оби хунук намезадам. Гули чизро хурдаву гули чизро мепӯшидам, назарам ҳар касу ҳар чизро намегирифт. Мисли дигар духтарони шаҳрӣ танҳо мусиқии аврупоӣ гӯш мекардам ва рӯзи дароз дар рӯйи диван ғел мезадам.


Мактабро хатм намудаму хонаамон хостгорборон шуд. Бачаҳои зиёди шаҳрӣ талабгорам бошанд ҳам, падарам ба хостгорони аз як деҳаи дурдаст омада розигӣ дод. Ҷавон соҳиби маълумоти олӣ буда дар шаҳр кор мекардааст ва аллакай соҳиби ному обрӯ гашта будааст. “Ояндаи ин бача дурахшон аст” гуфта волидонам маро маҷбур карданд, ки риштаи тақдирамро бо Сиёвуш пайвандам. Пеш аз никоҳ мо ҳамдигарро дидем. Домоди ёфтаи падарам дар ҳақиқат бачаи хушрӯй ва хушқаду қомат будааст. Тӯйи мо дар бошукуҳтарин тарабхонаи шаҳр бисёр бодабдаба гузашту маро арӯс карда ба деҳа бурданд. Аз дарвозаи хонаи домод даромадан замон, дасту дилам хунук шуд. Хонаҳои лойини пастак, гову мол, духтарони ифлосаки қишлоқӣ, таппакҳои сари девор табъамро хира кард, мехостам ҳамон замон дубора ба мошин нишаста ба шаҳр баргардам, вале модарам “ту маро шарманда мекунӣ” гӯён садди роҳам гашт. Рӯзи дуюми арӯсиам аз ошхонаву ҳамом ва ҳоҷатхонаи хушдоманам дидан намуда дуд аз димоғам баромад. Дар ин деҳаи дурдасти куҳӣ на ягон шароити зиндагӣ мавҷуд будаасту на мағозаву бозор. Он бонувоне, ки аз шаҳр келин шуда ба қишлоқҷойҳо рафтаанд, ҳолати маро хеле хуб мефаҳманд. Хулоса, бо сад азоб як сол тоқат карда фарзанди аввалинамро ба дунё овардаму волидонам маро ба шаҳр ба хонаи худашон оварданд. Айни замон дар хонаи падарам ҳастам ва дигар ба он қишлоқи беобу бебарқи бадбӯй рафтанӣ нестам. Шавҳарам дар вақташ ваъда дода буд, ки аз шаҳр хона мехарад, бигзор ба ваъдааш вафо кунад! Умрамро дар қишлоқ зоеъ кардан намехоҳам. Сиёвуш, агар дилат ба ману духтарчаат кашол бошад, ягон чора бин, вагарна метавонӣ маро фаромӯш кунӣ!

Сиёвуш:

Ба ҳар тори мӯям як духтар овезон аст

Зарина, қишлоқи моро паст назан, шумо шаҳриҳо умре дар як катаки мурғ зиндагӣ карда одат кардаед. Ман боду ҳавои тозаи деҳаамонро ҳеҷ гоҳ бо кӯчаҳои ифлоси шаҳри ту иваз намекунам. Аслан ҳамааш айби худам, ба ҳар як тори мӯям як духтари деҳотӣ овезон буд, вале “зани шаҳрӣ мегирам” гуфта, ман-манӣ кардам. Аз рӯзе, ки риштаи тақдирамро бо ту пайвастам, як дардам ҳазор дард шуд. Дар бадали як соли оиладориамон рӯзе набуд, ки занг зада, “зиқ шудам, хонаамон меравам, аз қишлоқ безорам” гуфта ҷони маро ба лабам набиёрӣ. Чанд маротиби қаҳр карда ба хонаи падару модарат рафтанат бас набуд, ки боз чунин нағма баровардӣ?! Бечора модарам ҳама кору бори хонаро ба хоҳаронам тақсим кардааст, ки ту ношукрбанда ҳар рӯз қаҳру ноз карда ба хонаи очаат наравӣ. Ман шаҳрӣ гуфта, аз як табақ бо аҳли оилаи мо хӯрок намехӯрӣ, либосҳои худатро ҷудогона шуста либоси хонаводаи моро бо нӯги ангуштат гирифта дур мепартоӣ, хушдомани дигар мебуд, кайҳо чунин келинро дафъ мекард, вале модари ман “писарам дубахта нашавад” гуфта ба ҳама найрангҳои ту тоқат карда гаштааст. Модоме, ки зиндагӣ кардан намехостӣ, ҳанӯз фарзанддор нашуда, масъаларо кундаланг мемондӣ. Ман намехоҳам фарзандамро хору зор намоям, вале шарти туро ҳам қабул карданӣ нестам. Хонахарӣ осон нест, ки дарҳол барои ту хона харида диҳам. Ҳама кор вақту соати худро дорад. Гап ҳамин занак, зуд бору буғчаатро ҷамъ карда ба деҳа меравӣ. Қаҳрамро набиёр, вагарна дар байни ду рӯз зан мегирам, он гоҳ пушти дастатро бо дандон газида, як умр гирёну сиёҳбахт мегардӣ!

 

                   Маслиҳати равоншинос:

Албатта барои духтаре, ки дар муҳити шаҳр ба воя расида, якбора ба муҳити тамоман барояш бегона афтидааст, бисёр душвор аст. Барои ба чунин зиндагӣ одат кардани Зарина солҳои зиёд лозим аст, вале модоме, ки дидаву дониста риштаи тақдирашро бо ҷавони деҳотӣ пайвастааст, бояд тоқат кунад. Паст задани аҳли оилаи шавҳар ва худро шаҳриву онҳоро қишлоқӣ гуфта назарбаландӣ кардани келин оқибати хуб надорад. Ин амали келин дили аҳли оилаи хушдоманро дилхунук месозад. Зарринаро лозим аст, ки ҳурмату эҳтироми хусуру хушдоман ва додаршӯю хоҳаршӯйҳояшро ба ҷо биёрад. Ба Сиёвуш бошад гуфтанием, ки дигар “дар байни ду рӯз зан мегирам” гуфта ман-манӣ накунад. Зиндагӣ бозича нест, ки имрӯз сари зулфи якеро гириву пагоҳ аз домони ёри дигар дорӣ. Одам дар ҳама гуна муҳит метавонад шароитҳои лозимаи зиндагиро фароҳам оварад, агар хоҳиш ва завқ дошта бошаду кӯшиш намояд. Барои ҳамсаратон қасри шоҳона сохта натавонед ҳам, ақаллан ҳамом, ошхона ва хонаатонро андак таъмир намуда, об ва дигар шароитҳои заруриро муҳайё созед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД