Хандаи бахт
Баҳман - писари ягонаи Анора Назаровна, ҷонишини раиси ноҳия талабгори Шифо шуд. Ҳамсари Анораро дар ҷанги шаҳрвандӣ кушта буданду писарашро танҳо ба воя расонида буд. Баҳмани зебо, баъди хатми риштаи бонкдории донишгоҳи иқтисодӣ дар бонки ноҳия ба кор даромада буд. Ҳарчанд, хушдоронаш зиёд бошанд ҳам, ў интихоби арўсро ба модараш вогузор кард, Анора баъди ҷўстуҷўйи зиёд сари Шифо қарор гирифт. Шифо он вақт синфи ёздаҳ мехонд, раиса бо баҳонаи дӯхтани курта ба хонаи онҳо рафт. Ин нақшаро ҳамроҳи як дугонааш, ки дар ин деҳа зиндагӣ мекард, кашиданд. Кампири Бибисоро аз дидани меҳмонони олиқадр хушнуд, зуд дастархон партофту бо шўхӣ гуфт:
- Ин духтари ман аз куҷо метавонад барои раиса курта дўзад?! Охир, кўдак аст…
Аммо Анора сир бой надода, гуфт:
- Холаҷон, ман куртаҳои дўхтаи Шифои шуморо дар тани дугонаам дида, хостам як курта дўзонам. Нақши дасташ бисёр зебост…
Зарина низ, сухани дугонаашро тасдиқ кард, сари як пиёла чой ва табақи фатирмаскаи Кампири Бибисоро суҳбат қур гирифт. Шифои аз таҳи гап бехабар якбора барои раиса ду курта дӯхт, якто бо матои овардаи худашу ятои дигар аз понбархи бунафшаранги додаи бибияш. Кампири Бибисоро раисаи машҳурро аз хонааш ба қавли худаш «бенаво» равон намекард, асло… Ба Анора Шифо аз як нигоҳ маъқул афтид, ў мисли духтаракони даврони пеш мўйҳояшро майдабофӣ карда, рўймолакашро ба тарзи оддӣ баста буд. Ҳусни табиӣ, қомати баланд ва дандонҳои садафсо сафеди духтар ўро ба ситораҳои синамо монанд мекарданд. Барои гирифтани куртаҳояш раиса ҳамроҳи Баҳман омад ва ҷавонмард бо як нигоҳ ошиқи ин париваш шуд. Баҳман одат карда буд, ки духтарон бо дидани қомати зебо ва ҳуснаш, чанд нигоҳи дуздӣ мепартоянд, аммо Шифо ба ў аҳмияте надод. Кампири Бибисоро хонаи писари калонияш меҳмонӣ рафта буду зани тағояш бо писаронаш ба боғ мевачинӣ, дар хона Шифо танҳо буд. Раиса куртаашро пўшиду бисёр маъқулаш омад, Шифо бо хандаи зебо понбархи бунафшарангро дароз намуда, гуфт:
- Апаҷон, ин туҳфаи бибиям...
Зориҳои Анора таъсир накарданду Шифо ҳаққи хизматашро нигирифт, ў бо хандаи ширин “ба Худо бибим аз ман хафа мешавад» мегуфт.
- Шифоҷон, ман намехоҳам ин заҳмати ту бе музд монад, ману ту аз ин баъд модару духтар, ту ба ман туҳфа кардӣ, ман ба ту, гўён, занҷираи тиллоии гарданашро кушода, дар гардани Шифо баст.
- Апаҷон, бибим ҷанг мекунад,- гуфт гиряолуд Шифо, вале меҳмонон бо ў хайрухуш карда, рафтанд.
Хостгорӣ
Кампири Бибисоро рўзи дигар аз сафар баргашту Шифо аввал хабари занҷираи тиллоро ба ў расонид. Кампир кори хуб нашудааст гуфту бо ҳамин ин воқеа фаромўш шуд. Баъди ду ҳафта Анора чанд одами номдори ноҳияро пеш-пеш карда, хостгорӣ омад. Пайвандонаш маслиҳат карда, хостгории раисаро пазируфтанд, аммо кампир Анораро аввал пешаш шинонида, ҳама «гуноҳ»-ҳои Шифоро гуфт. Раиса зани дилогоҳе будаасту бо алам гуфт:
- Ман пеш аз ин ҷо омадан, аввал пеши Шаҳлоҷон рафтам, вале ў гуфт, ки риштаи тақдири духтараш дар дасти шумост.
Қарор шуд, ки баъди супоридани имтиҳонҳо тўй баргузор мегардад…
Ба писари раиса номзад шудани Шифо зуд дар деҳа овоза шуду “Кобра” қарорашро гум кард. Зеро ў бо Анора риштаи хешӣ доштаасту худаш ба хонаи ў рафта, духтарашро пешкаш карда будааст. Акнун ў рўйирост раҳи Шифоро гирифта, “ҳа, ҳамроҳи бибии ҷодугару очаи сешўяат хешдухтари маро муллогӣ карда, хонаву дарашро аз худ карданиед?!” гўён, ҷангу арбада бардошт. Шифо гирён-гирён назди тағояш рафту онҳо Анораро ҷеғ зада, гуфтанд, ки фотеҳаро мегардонанд. Дар ин миён Баҳман ба хонаи Гулойим рафта, ба ў мегўяд, ки агар бори дигар арўси маро гапи зиёдатие мегўӣ, ман туро ба маҳкама мекашам.
Раиса тўйи зебое ороста, келини соҳибҷамолашро ба хонааш бурд. Шифо хушдоманашро мисли модараш дўст медошту хизматашро мекард. Анора бо қудояш мисли апаву хоҳар меҳрубон буданд, чун Шаҳло мегуфт, ки кош як фарзанди дигар таваллуд мекардам, тасаллояш медод:
- Ғам нахўр, ҳолӣ аз наберабонӣ мегурезӣ…
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД