Оқибат як рӯз падарам гуфт, ки бачам, аз рӯйи шунидам, занат аз бонкҳо маблағи зиёд қардор асту боз… хулоса, гап-гапи бисёр…
Ман аз шунидани ин гапҳо дар ҳайрат афтодам, ки чӣ гуна зани ман метавонад қарздор бошад?! Ба корфармоям гуфтам, ки падарам касали вазнин асту ман бояд ба ватан баргардам, корамро ба як зердастам супорида, ба касе чизе нагуфта, ба ватан баргаштам. Дилам баъди суҳбат бо падарам сип-сиёҳ буд ва намехостам касеро аз рафтанам огаҳ кунам, ҳатто додарамро низ нагуфтам, ки хона меравам. Ба хаёлам додарам низ чизеро медонисту ба ман гуфта наметавонист. Зеро дар ҳар вохӯриямон мегуфт, ки ака, як хона рафта биёед… Дар Душанбе ҳатто писарамро надида, таксиеро киро карда нимашабӣ ба зодгоҳам равон шудам…
Ба деҳа замоне расидем, ки субҳ медамид, ман бо ронанда ҳисобӣ карда, ба хонаи падарам даромадам. Падарам рӯйи кати зери ҳавозаи ангур намози бомдод мехонданд, ман мунтазир истодам...
Падарам салом дода фотеҳа карданду маро дида, саросемавор «а бача, ту кай омадӣ?» гӯён ба оғӯшам кашиданд. Ману падарам касеро аз аҳли хонадон бедор накарда, ба хонаи ман, ки дар кӯчаи дигар буд, равон шудем. Падарам роҳравон маро насиҳат мекард, ки тез нашаваму бо оромӣ аз занам шарҳи овозаҳои мардуми деҳаро пурсам. Дарвозаи ман маҳкам буду дарвозаи додарам кушода, ману падарам ба хонаи додарам даромадем. Зани додарам, ки ҳавлӣ меруфт, моро дида, дар ҳайрат афтод ва бо ранги парида ба ҷойи салом пурсид:
- Ака, шумо кай омадед, додаратон тинҷ аст?!
- Ҳозир омадам, ҳама тинҷ…
Зани додарам рӯйи зинаи айвони хонааш нишаста, бо овози гиряолуд гуфт:
- Як ҳафта боз бо додаратон гап назадем, Худо тинҷ бошад…
Ман ранги паридаи ӯро дида, тассалияш додам, ки ман ду рӯз пеш шавҳаратро сиҳату саломат дидам, ҳатто дасту остин барзада барои ман оши палав пухт. Келинамон ба худ омада, аз ҳолати пешомада дар назди хусураш хиҷолатзада шуду моро ба болои кат таклиф кард, вале ман ба сӯйи даричаи байни хонаи ману додарам буда нигаристам, ки маҳкам буд. Келин мақсади маро пай бурда, гуфт:
- Нисорҷон (писари даҳсолаи додарам) ҳар шаб бо янгааш мехобид, имшаб ҷиянаш омада будааст...
Ӯ мехост даричаро зада, занамро аз омадани ман хабардор кунад, аммо ман як хез зада, худро ба ҳавлиям гирифтам ва даричаро кушода, рост ба хона даромадам, то занамро бедор намоям. Рост ба хонаи хобамон даромадам, вале кош намедаромадам…
Болои рахти хоби поку ҳалоли ман зани никоҳиям бо марде дар хоби ғафлат буд. Чанд дақиқа худамро гум кардам, баъд марди хобро зери мушту лагад кашидам. Агар падарам ҳамроҳи зани додарам намедаромаданд, шояд ман мардро, ки баъдтар Расои ҳамдеҳаам буданашро фаҳмидам, мекуштам…
Зани шармандаам ба хонаи дигар даромада, дарашро аз дарун қуфл кард. Ман ба падару модар ва хешу табори ҳамсарам занг задам ва баъди чанд дақиқа хонаамон пури одам шуд.
Забони дузду ғар дароз...
Расо, ки аз сабаби бисёр дароз будани бинияш ӯро дар деҳа Расои бинӣ мегуфтанд, ду сол боз бо занам муносибатҳои маҳрамона доштанашро гуфт. Руқияи касофат бошад, бидирос зада мегуфт, ки ӯ ҳам зан асту ба вай оғӯши гарм мефорад. Гӯё ӯ не, ман гуноҳ карда бошам, сари гапу охири гап такрор мекард:
- Талоқамро деҳу зан гир… Як не, сад талоқат кардам ту фоҳишаи лаънатиро!,- гуфтаму ӯро аз хона рондам…
Аз ин ҳодиса шаш моҳ сипарӣ шудааст, вале дилам дард мекунад, медонам, ки дили бечораам аз соҳибаш дида баномустар аст, ин бори нангро кашида натавониста истодааст. Шояд марги ман қариб омадааст, ки шабҳо модарамро хоб мебинам. Ӯ маро ба сӯйи хеш мехонад, мегиряду маро бо худ бурданӣ мешавад... Мақсади ман аз навиштани ин қисса намедонам чист?! Ростӣ, намедонам…
А.
Таснифи Рухсора САИД